Ганҷи таърих

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ганҷи таърих

«Ганҷи таърих» (форсӣ: گنج تاریخ‎) — китобест ба назму насри форсӣ аз муфтӣ Ғуломсарвари Лоҳурӣ (1731-93), ки дар он муаллиф моддаи таърихи соли даргузашти ашхосро дар ҳашт ганҷ (боб, фасл) гирд овардааст.

Ганҷи аввал аз Муҳаммад (с) оғоз шуда, моддаи таърихи саҳобаҳоро фаро мегирад. Дар ганҷи дуюм машоихи киром, дар сеюм аз шайхони Чиштия, дар чаҳорум шайхони Нақшбандия, дар панҷум силсилаи Суҳравардия, дар шашум пайравони силсилаҳои гуногуни дигар, дар ҳафтум ҳамсарони пайғамбар (с) ва дигар занони муъмин, дар ҳаштум халифаҳо, шоҳони Эрон ва Темуриёни Ҳинд (то замони муаллиф) ҷой ёфтаанд. «Ганҷи таърих» бори аввал соли 1868 дар Лоҳур, сипас солҳои 1877 ва 1889 дар Лакҳнав чоп шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دانشنامۀادبفارسی. ادبفارسیدرشبهقاره (هند،پاکستان،بنگلادش). جلدچهارم،بخشسوم. تهران،۱۳۸٠ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]