Jump to content

Гарднайча

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гарднайча — узви найчашакли зарраҳои гард, ки дар рустаниҳои тухмдор баъди гардолудшави ба вуҷуд меояд.

Гарднайчаи рустаниҳои лучтухм дар ҳуҷрачаи тухммуғҷа пайдо мешавад. Дар ин сурат гарднай ба бофтаи нутселлус ворид шуда, фақат ба пистонак (гастуория) хидмат мекунад (моддаҳои ғизоиро мегирад ё ғаметаҳои наринаро ба ҳуҷайратухм интиқол медиҳад). Зарраҳои гард дар рустаниҳои пӯшидатухм дар гардгираки модина як (дар аксар рустаниҳо, мас., дарахтони мева, буттамева ва ғайра) ё якчанд Г. ба вуҷуд меоранд. Г. ба тухммуғҷа ба воситаи микропил (пороғамия), гоҳо тавассути халаза (халазоғамия) ё аз паҳлу бо ёрии интегумент (мезогалия) роҳ меёбад. Г. ба ҷанинхалта (ғаметофити модина), маъмулан, аз байни ҳуҷайратухм ва синергид дохил мешавад ё баъди вайрон кардани яке аз синергидҳо спермияро озод намуда, барои бордоршавии дучанда (ҳам ҳуҷайратухм ва ҳам ҷанинхалта) шароити мусоид муҳайё мекунад.