Гармиивазшавӣ дар баҳр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гармиивазшавӣ дар баҳр — мубодилаи гармии байни сатҳи баҳру атмосфера (Гармиивазшавӣи беруна) ва байни сатҳу қабатҳои поёнии баҳр, инчунин байни минтақаҳои алоҳидаи баҳрҳо ва уқёнусҳо (Гармиивазшавии дохилӣ).

Гармиивазшавии радиатсионӣ, турбулентию конвективӣ, равандҳои бухоршавӣ ва конденсатсияи буғҳои об дар ҳавои атмосфераи баҳр ба гармиивазшавии беруна саҳми худро мегузоранд. Гармиивазшавии дохилӣ дар баҳр дар натиҷаи омехташавии турбулентӣ ва конвективӣ ва ҷараёнҳои арзию тӯлӣ ба вуҷуд меояд. Дар мавсими тирамоҳу зимистон сардшавии сатҳи баҳр, асосан, аз поин ба боло, дар давраи гармшавии баҳору тобистон аз боло ба поин равона мешавад. Ба гармшавии уфуқии байни минтақаҳои гуногуни баҳр ҷараёнҳои уфуқӣ таъсири асосӣ мерасонанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]