Гачечиладзе, Гиви Ражденович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гачечиладзе, Гиви Ражденович

Гачечиладзе Гиви Ражденович (5 августи 1914, Тифлис9 феврали 1974, ҳамон ҷо) — адабиётшинос, нависанда ва тарҷумони гурҷӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Тифлис (1936). Яке аз аввалин докторони илм дар соҳаи тарҷума мебошад. Проф. Донишгоҳи Тбилиси. Аз соли 1933 ба чопи асарҳояш шурӯъ кардааст. Аввалин тарҷумаи Г. асари манзуми «Шоирони рус ва хориҷӣ» (1937) мебошад. Баъдан китобҳои ӯ «Дар бораи Байрон» (1938), «Шоирони англис» (1942), «Манзума, тарона ва шеърҳои англисӣ» (1946), «Сонетҳои Шекспир» (1952), «Робин Гуд», «Қиссаҳои халқии англисӣ» (1954), ба чоп расидаанд. Соли 1959 китоби ӯ «Масъалаҳои назарияи тарҷумаи бадеӣ» нашр шуд. Асарҳои «Масъалаҳои тарҷумаи воқеъбинона» (1961), «Тарҷумаҳои бадеӣ ва робитаҳои адабӣ» (1972) ва китоби дарсии «Мадхали назарияи тарҷумаи бадеӣ» ба қалами Гачечиладзе тааллуқ доранд. Гачечиладзе сармуҳаррири Нашрияи академии гурҷии таълифоти Шекспир буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Краткая литературная энциклопедия. Т, 2. М., 1964.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]