Гилсанг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гилсанг — навъи гил, ки сахти сангмонанд аст.

Рангаш хокистарӣ, хокистарии тира, хокистарии сабзтоб ва сиёҳ; вобаста ба зангори филиззоти таркибаш мумкин аст ранги бунафшу сурх, гулобӣ, сабзча ва сиёҳ пайдо кунад. Дар об ҳал намешавад ва нам намекашад. Гилсанг дар қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор, Туркистон, Помир ва ҷануби Тоҷикистон дучор меояд. Дар бораи гилсанг дар «Китобу-с-сайдана фӣ-т-тиб»-и Абурайҳони Берунӣ маълумоти ҷолиб мавҷуд аст. Ба қавли ҳакими арманӣ Амирдавлат Амосиасӣ гилсанг мисли пӯстлохи дарахт қабат-қабат мебошад. Агар ду дирами онро хока карда бо май биошоманд, ҳайзро боздорад. Ҳар рӯз якдирамӣ (3,12 г) дар давоми 4 рӯз истеъмол кардани он садди ҳомилагӣ мешавад. Агар гилсанг ро бо асал сиришта ба решу омоси ғадуди шир ниҳанд, нафъ дорад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Халифаев Д., Ҳоҷиматов М. Гил ва гилдавоӣ. Д., 2002.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]