Гов

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Говҳо

Гов (Bos Taurus), ҳайвонест хонаги ва чуфтсум. Бино ба таснифоти зоологи ба синфи ширхурхо (оилаи ковокшохон) мансуб аст. Гов ба акидаи аксарияти олимон аз тур (Bos primidenius), ки чандин хазор сол пеш аз мелод дар Европаю Осиё ва Африка пахн гардида асри 17 нест шудааст, ба вучуд омадааст. Турхоро такрибан 8 хазор сол мукаддам, сараввал дар Хиндустон ва баъдтар дар Осиёи Пеш, кишвархои бахри Миёназамин, Европаи Миёна ром ва дастомуз кардан хусусиятхои биологии Гов хеле тагйир ёфтанд. Гов вобаста ба хусусиятхои биологи ва махсулнокиаш барои инсон ахамияти багоят калон дорад. Шири гов ашёи пурбахои саноати хурокворист. Шири холис ва пасмондаи он барои парвариши чавонахои хайвоноти хочагии кишлок низ истифода мешавад. Гушти гов ваг усола сергизо буда, калорияаш зиёд аст; дар организм зуд хазм мешавад ва хусусияти пархези дорад. Аз пусти гов, чарм, аз махсулоти пасмондааш орди гушту устухон, дорухои эндокрин, стеарин, ширеш, собун ва гайра истехсол мекунанд. Барзагов ва буккахоро дар корхои хочагии халк истифода менамоянд. Гов ба хисоби миёна аз 15 то 35 сол умр мебинад. Майли алокаи чинсии модаговхо ба хисоби миёна 19 – 22 ва давраи хамлашон 285 шабонаруз аст. Гусолаи навзодвобаста ба зот 18 – 45 (баъзан то 60) кг мешавад. Вазни гусолаи навзоди нар назар ба мода одатан 1 – 3 кг зиёдтар аст. Гуночин бори аввал дар 18 – 22 мохагиаш бордо мешавад. Бармахал бордор шудан боиси камшири вас уст инкишоф ёфтани гуночин мегардад. Буккахоро барои насл гирифтанбори авал дар 14 – 18 мохагиашон ба пода сар медиханд. Дар як мавсим барои хар буккаи чавон 80 – 90 сар модагов чудо мекунанд. Аз нутфаи як букка бор охи сунъи зиёда аз 1500 модаговро бордор кардан мумкин аст. Давраи серширии Гов мохи дуюми баъди наслдихи сар шуда, такрибан 305 руз давом мекунад. Каму зиёдшавии шири гов ба бисёр омилхо – зот, пайдоиш ва хусусиятхои фардии хайвонот, сину сол ва холати физиологии он, нигохубин, фасли сол ва гайра вобаста мебошад. Дар хочагии бехтарини мамлакат аз модагов то 6000 кг шир медушанд. Модаговхои зоти гуштдех дар мавсим то 1000 кг шир медиханд. Баъди 2 – 3 мохи зоидан шири гов тадричан кам мешавад. Махсулнокии гушти Говро аз руи вазни зинда ва хос, гушти холис, сифати гушт ва хуроки сарфшуда муайян мекунанд; 1 кг гушти Гов аз 1500 то 3000 каллорий дорад. Говхоро асосан ба се гурух – зотхои ширдех, ширу гуштдех ва гуштдех чудо мекунанд. Гов бо алафи сабзи чарогох, хасу беда, силос, бехмеваихо, консентрат, пасмондаи истехсолоти техники ( кунчора, хар хел тифл, дурда), хуроки иловагии протеин ва витаминдор конеъ мекунад. Хангоми додани хурок чинс, синнусол, ахамияти хочаги, махсулноки ва холати физиологии Говро ба назар мегиранд. Талаботи гови махсулдех ба моддаи гизои зиёд аст. Талаботи гов ба микроэлементхо ба хисоби 1 кг моддаи хушки вояи хурок такрибан чуни наст ( ба хисоби мг ): кобальт 0,5 -1, мисс 5 – 10, Рух 40 – 60, манган 40 – 60, йод 0,3 - -0,5. Дар асоси талаботи чорво ба моддахои гизои меъёри солонаи сарфи моддахои гизоиро тартиб медиханд. Касалихои асосии гов инхоянд: сухтани, сили хайвонот, бруцеллез, кутур, туляремия, лептоспирозхо, нагзак, листериоз, актиномикоз, фастиолёз, гиподерматоз ва гайра. Дар Точикистон Гови зотхои абердинии ангуси, сафеди казоки, сиёхало, швиции зебумонанд ва калмокиро мепарваранд. Вобаста ба шароити табиии чумхури говхои зоти ширдех дар вилоятхои Сугд, Хатлон, Хисор, Говхои зоти ширу гуштдех дар районхои наздикухи, зоти говхои гуштдех дар районхои кухсор парвариш мешавад. 1 январи соли 1986 дар Точикистон 585 хазор сар чорвои шохдори калон, аз чумла 152 хазор сар модагов буд.

Нигаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад: