Гузаронидан ба кори дигар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гузаронидан ба кори дигар — дар ҳуқуқи меҳнат тағйир ёфтани вазифаи меҳнатӣ (касб, тахассус, дараҷа, мансаб) ва ё ҷойи кори корманд, шароити асосии кории дар шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ зикршуда.

Табдили кор, супоридани кор аз рӯи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст. Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созишномаи тарафҳо муайяншуда хеле тағйир меёбад ва бо сабабҳои асоснокгардидаи истеҳсолӣ, ташкилӣ, технологӣ ва иқтисодӣ алоқаманд намебошад, низ гузаронидан ба кори дигар ҳисоб мешавад ва гирифтани розигии кормандро талаб мекунад. Санаи оғози кор, муҳлати амали шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ, низом ва ҳаҷми музди меҳнат, реҷаи кор, давомнокии рухсатии меҳнатӣ, ивазшавии касбҳо, тағйири дараҷаи корҳо ва номи касбҳо, дараҷаи мустақилият ва масъулияти корманд, дигар шартҳои дар шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ дарҷшуда шартҳои муҳимми гузаронидан ба кори дигар ба шумор мераванд. Гузаронидан ба кори дигар ду навъ мешавад: доимӣ ва муқаррарӣ. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ дар навбати худ дар се шакл сурат мегирад: а) гузаронидан ба кори дигар дар худи ҳамон ташкилот; б) гузаронидан ба кори дигар дар дигар ташкилот; в) гузаронидан ба кори дигар дар маҳалли дигар ҳамроҳ бо ташкилот. Гузаронидан ба кори дигар дар ин мавридҳо танҳо бо розигии хаттии корманд анҷом дода мешавад. Аз ҷониби корманд рад намудани таклифи гузаронидан ба кори дигари доимӣ дар ҳамон ташкилот ва ташкилоти дигар ҳеч гуна оқибати ҳуқуқиро бо корманд ба миён намеорад. Вале дар сурати аз ҷониби корманд рад гардидани пешниҳоди гузариш ба маҳалли дигар ҳамроҳ бо ташкилот шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ дар асосҳои умумӣ бо ӯ қатъ мегардад. Ҷойивазкунии муқаррарӣ дар худи ҳамон ташкилот ё дар бахши таркибии дар ҳамон маҳал воқеъгардидаи он, ба корманд супоридани кор дар дастгоҳ ва таҷҳизоти дигар дар доираи касб, тахассус, дараҷа ё мансаб, ки дар шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ шарт шуда буд, гузаронидан ба кори дигар ҳисоб наёфта, метавонад бе розигии корманд амалӣ шавад, ба шарте дар ин мавридҳо шароити асосии меҳнатӣ тағйир наёбад. Корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре гузаронад, ки хилофи вазъи саломатии ӯст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гузаронидан ба кори дигар / Д. Абдуллоев, Д. Сангинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  • Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2011.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]