Гулдаста (тазкира)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гулдаста» (форсӣ: گلدسته‎) — тазкираи адиби форсизабони Ҳиндустон Абдулваҳҳоби Оламгирӣ, ки соли 1742 таълиф шудааст.

Ин асар мунтахабе аз «Каъбаи ирфон» — тахлиси «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин»-и Тақиуддини Авҳадӣ мебошад. Дар «Г.» тарҷумаи ҳоли шоирон (мухтасаран) ва намунаҳо аз эҷодиёташон омада, номи шоирон ба тартиби алифбои арабиасоси форсии тоҷикӣ оварда шудааст. Муаллиф дар хотимаи асар мухтасаран шарҳи ҳоли Умари Хайём, инчунин намунаҳои рубоёташ ва якчанд пораи шеърро дар навъҳои гуногун ва мазмунҳои мухталиф (бе зикри номи муаллифон) овардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • نقوی سید علیرضا. تذکره نویسی فارسی در هندو پاکستان. تهران، 1343. ش.؛
  • دانشنامهۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلادش).جلد چهارم، بخش سوم. تهران، 1380. ش.ر