Jump to content

Гулзори аброр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гулзори аброр» (форсӣ: گلزار ابرار‎) — тазкираи Муҳаммади Ғавсӣ (таваллуд 1535) ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар шарҳи ҳоли 705 нафар олиму суфии асрҳои 13-16-и Ҳинд.

Ғавсӣ китобро солҳои 1613-14 таълиф намуда, онро ба Ҷаҳонгиршоҳ туҳфа кард. Дар китоб шарҳи ҳоли панҷ табақа (асҳоби таҳқиқ, донишмандону уламо, аҳли сулук, зоҳидон аз ҷумлаи суфиёну дарвешон ва маҷзубон) оварда шудааст. Китоб ба панҷ қисм (чаман) тақсим шуда, дар се бахши аввал олимону суфиёни асрҳои 13 ва 14 ва дар бахши чаҳорум донишмандону суфиёни асри 15 ва оғози асри 16 зикр шудаанд. Бахши панҷуми китоб ба уламои силсилаи шаттория оид аст. Дар охир маълумоти тозаву муътамад дар бораи донишмандоне, ки муаллиф бевосита онҳоро дидааст, дарҷ гаштааст. Яке аз хусусиятҳои «Гулзори аброр» дар он аст, ки муаллиф аз ҳар гуна таассуби қавмиву фирқавӣ дурӣ ҷуста, ба шарҳи аҳволу фаъолияти суфиёни силсилаҳои гуногун: чиштия, қодирия, суҳравардия, фирдавсия, мағрибия, нақшбандия ва шаттория пардохтааст. Дар он роҷеъ ба марказҳои муҳимми фарҳангии Ҳинд — Деҳлӣ, Лоҳур, Мултон, Аҳмадобод, Монду, Бурҳонпур ва ғ., ки дар он олимони силсилаҳои гуногун ҳавзаҳои диниву адабӣ доир карда буданд, маълумот дода мешавад.

Дар «Гулзори аброр» доир ба зиндагии олимону суфиён, робитаи онҳо бо оммаи мардум, амалдорон, фаъолияти илмӣ ва адабии онҳо, дараҷаҳои рӯҳонии уламо, хидмати онҳо дар рушди фарҳангу одоби ҳукуматҳои навзуҳури Гуҷарот, Молва, Ҷунпур, Колпӣ ва ғ. дарҷ ёфтааст. Дар баробари орифони аҳли тасаввуф ба шарҳи ҳоли чанд тан аз мансабдори муғул, аз ҷумла Мирзоазизи Кука, Абдураҳими Хони Хонон низ ишораҳо мавҷуд аст. Муаллиф доир ба лашкаркашиҳои Ҳумоюн ва Акбар, фаъолияти дигар ҳокимон, инчунин дар бораи аҳволи зиндагии мардум ва чӣ гуна аз кишварҳои арабиву дигар марказҳои исломӣ ба Ҳинд омадани олимону суфиёни муҳоҷир ишораҳо кардааст. Ӯ ба фаъолияти суфиён аз нигоҳи илмӣ назар карда, аз масъалаҳои муболиғаомезе, ки ба онҳо нисбат медиҳанд, дурӣ ҷустааст. Китоб насри равону салис дошта, фарогири маълумоти арзишманд дар бораи таърихи фарҳангу тамаддуни Ҳинд мебошад. Ғавсӣ дар таълифи ин тазкира аз «Нафаҳоту-л-унс», «Кашфу-л-маҳҷуб», «Аворифу-л-маориф» ва аз сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ, ба монанди «Табақоти Носирӣ», «Маосири Маҳмудшоҳӣ», «Таърихи Фирӯзшоҳӣ» истифода кардааст. Инчунин аз таснифоти касоне, ки номашон дар тазкира зикр шудааст, истифода карда, дар бораи шогирдону ҷонишинон ва дӯстони онҳо маълумот додааст. Аз раҳнамоиҳову машваратҳои Шайх Абдулҳаққи Муҳаддиси Деҳлавӣ низ, ки ҳамрӯзгораш будаст, баҳраи кофӣ бурдааст. «Гулзори аброр» то имрӯз ба табъ нарасидааст, вале тарҷумаи он ба забони урду бо номи «Азкору-л-аброр» соли 1903 дар Агра чоп шудааст. Нусхаҳои гуногуни хаттии ин китоб дар китобхонаҳои Бангол, Солорҷанги Ҳайдаробод, Ганҷбахши Исломобод ва Осафияи Ҳинд мавҷуд мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان و بنکلادش). جلد چهارم، بخش سوم. تهران،۱۳۸۰ ش.ر