Гулхӯракҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулхӯракҳо
Anthonomus conspersus
Anthonomus conspersus
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Anthonomus Germar, 1817
Мутародифот
  • Pallene Dejean, 1821
  • Toplithus Gozis, 1882
  • Toplethus Bedel, 1884
  • Paranthonomus Dietz, 1891
  • Trichobaropsis Dietz, 1891
  • Listrorrhynchus Champion, 1903
  • Sexarthrus Blatchley, 1916
  • Exanthonomus Voss, 1960
  • Neobradybatus Hoffmann, 1963

Гулхӯракҳо (лот. Anthonomus) — номи умумии чанд гурӯҳи гамбусакҳо.

Ғизои гулхӯракҳо ва кирминаи онҳо ғунчаву гули рустаниҳост. гулхӯракҳо зиёда аз 1000 гуна доранд. Дар Аврупо, Осиё ва Амриқои Шимолӣ асосан 3 навъи онҳо (гулхӯракҳои себ, тамашк ва карам) зиндагӣ мекунанд. Гулхӯраки себ (Anthonomus pomorum) бештар ба себу нок зарар мерасонад. Рангаш ҷигаритоб, дарозиаш 4,5 мм. Зимистон дар роғи пӯстлоху ковокии дарахтон ва зери баргҳои рехта панаҳ мебаранд. Онҳо баҳорон ба дарахт мебароянд ва муғҷаҳои наврасро хӯрда сӯрох мекунанд. Аз сӯрохҳо ширае таровида берун мебарояд ва дар натиҷа муғҷа мехушкад. Гулхӯраки модина дар ҳар ғунчаи дарахт яктоӣ тухм мегузорад (ҳамин тавр, то 100 адад тухм гузоштанаш мумкин аст). Кирминаҳо баъди аз тухм баромадан, гулмуғҷаро мехӯранд. Насли нави гамбусакҳо баъди шукуфтани гули себ пайдо мешавад. Онҳо барги дарахтро хӯрда, сипас ба тамоми боғ паҳн мешаванд ва барои гузаронидани зимистон ҷои мувофиқ меҷӯянд. Гулхӯраки тамашк (Anthonomus rubi) сиёҳранг буда, баданаш бо мӯякчаҳо фаро гирифта шудааст. Дарозиаш 2-3 мм. Модинааш то 100 дона тухм мегузорад. Кирминааш сафед, бепой, сараш зарди ҷигаритоб. Дар зери барг, хок ва пасмондаҳои рустанӣ зимистон мегузаронад. Айёми гулшукуфти тути заминӣ ва тамашк (охирҳои апрел — аввалҳои май) гамбусакҳо берун омада, барг, гулмуғҷа ва навдаҳои наврасро мехӯранд. Гамбусаки модина дар ҳар гулмуғҷа яктоӣ тухм мегузорад. Баъди 6-7 рӯз аз тухм кирминаҳо баромада, то 26 рӯз дар гулмуғҷа зиндагӣ мекунанд ва онро комилан мехӯранд. Онҳо аввал ба зоча, сипас баъди 7-11 рӯз ба гамбусак табдил меёбанд. Гулхӯраки карам (Meligethes alneus) ба карам, хардал, шалғам ва ғ. зиён мерасонад. Дарозиаш 1,5-2,7 мм, рангаш сиёҳи кабудтоб. Зимистонро дар хок гузаронида, баҳор гули бӯимодарон, қоқу, олуболу, себ ва ғайраро мехӯрад. Ғизои кирминаҳо гарди гул ва гарддон аст.

Тадбирҳои мубориза: аз пӯстлохи фарсуда тоза кардани танаи дарахтон, шохчаҳоро афшонда маҳв сохтани гамбусакҳо, ба дарахтон пошидани ҳашаракушҳо.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]