Гулшани Иморат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гулшани Иморат» (форсӣ: گلشن امارت‎) — асари таърихнигори Афғонистон Нурмуҳаммади Нурӣ, ки ба амир Шералихон (1863—1878) бахшида шудааст.

«Гулшани Иморат» аз шаш гулшан ва 43 гул (бахш) иборат буда, панҷ гули аввали он рӯйдодҳои таърихии Афғонистонро аз таваллуди амир (соли 1825) то давраи камолот, гулҳои 6-15 шарҳи воқеаҳои вилоятҳои Қандаҳор, Ҳирот ва Ҷалолобод дар замони валиаҳдӣ ва гулҳои боқимонда воқеаҳои сиёсии кишварро дар аҳди аморати Шералихон фаро мегирад. Сабки нигориши «Гулшани Иморат» ба шеваи насрнависии солҳои нахустини асри 18 шабоҳат дошта, то андозае яктарафа ва ҷиҳати ҷонибдории Шералихон навишта шудааст. «Гулшани Иморат» муҳимтарин асноди таърихии аҳди салтанати шоҳони муҳаммадзуйии Афғонистон буда, дар бораи сиёсати дохилӣ ва ислоҳоти Шералихон маълумот медиҳад. «Гулшани Иморат» ва «Тузуки Шералихон» ягона маъхазҳои таърихии форсизабони Афғонистонанд, ки аз аҳди Шералихон боқӣ мондаанд. «Гулшани Иморат» аввалан ба таври силсилавӣ дар маҷаллаи «Ориёно» (соли 1954) ва соли 1957 бо муқаддимаи Муҳаммадалии Кӯҳзод нашр шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Назаров Ҳ. Мақоми тоҷикон дар таърихи Афғонистон, Д., 1998;
  • غبار. م. کتاب خطی گلشن امارت.// آریانا، ۱۳۲۶، شمارۀ ۶۱؛
  • .نور محمد نوری. گلشن امارت. کابل، ۱۳۳۵