Гулшани рози ҷадид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гулшани рози ҷадид» (форсӣ: گلشن راز جدید‎) — маснавии Муҳаммад Иқбол, бахше аз «Забури Аҷам», ки дар он чандин масъала ва мушкилоти муҳимми фалсафӣ матраҳ шудаанд; дар пайравӣ ба маснавии «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабистарӣ ва дар вазни он — ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф навишта шудааст.

Иқбол дар «Гулшани рози ҷадид» ба 9 масъалаи динӣ-фалсафӣ посух медиҳад, ки аз посухҳои Шабистарӣ тафовут доранд. Мас., дар «Гулшани роз» суоли аввалин ва дуввумин оид ба тафаккур мебошад, ки Иқбол ҳар дуи онҳоро дар як ҷо ҷамъ оварда, посух гуфтааст. Ба андешаи Шабистарӣ, барои шинохти ҳақиқат ишроқи рӯҳонӣ кифоя мекунад, вале он ҳеч иртиботе бо ақл надорад, зеро барои ба ишроқ расидан инсон бояд худро аз ҳар навъи иртибот ва вобастагӣ дур нигоҳ дорад. Андешаи Иқбол сари ин масъала куллан фарқ мекунад, зеро ӯ бовар дорад, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Маҳдуд шудан танҳо ба ақл ва ё кашф (ё шуҳуд) боиси нуқсон ва норасоии амал хоҳад шуд, аз ин рӯ, онҳо мукаммалкунандаи якдигаранд.

Иқбол муътақид аст, ки ҳаракати одамӣ бояд аз дарун ба берун сурат гирад. Инсон бояд қабл аз ҳама ба дунёи маънавии қалб таваҷҷуҳ намояд ва танҳо тавассути он ӯ метавонад башорат ёбад ва бар ҷаҳони табиат ғолиб ояд. Иқбол дар «Гулшани рози ҷадид» қайд кардааст, ки агар Шабистарӣ хунрезиву харобиҳои овардаи чингизиёнро дида бошад, ӯ чингизиёни навро дар симои мустамликадорони Ғарб дидааст, ки халқҳои Шарқро бераҳмона ва ваҳшиёна истисмор мекарданд.

«Гулшани рози ҷадид» барои шинохти ҷаҳонбинии Муҳаммад Иқбол ва тафовути андешаҳои ӯ аз назариётчиёни суфимашраб дар масоили тафаккур, ҳастишиносӣ, маърифат, илму дониш, ҷаҳони моддӣ, кашф ва шуҳуд, худогоҳӣ, висол, мумкин, воҷиб, қурб, буъд, иттиҳоди инсон бо Худо, қадим, муҳдас, Ман, сафар дар худ, ҷузъ ва кул, мусофир, роҳрав, марди тамом, «ана-л-ҳақ», сирри ваҳдат, инсони комил дорои аҳаммияти зиёд мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]