Гулӯлаҳои оташфишонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гулӯлаҳои оташфишонӣ
Нигора
Тавлидшуда аз оташфишон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гулӯлаҳои оташфишонӣ — маводди дағали сангине, ки ҳангоми шуъла задани оташфишонҳо ба сатҳи Замин дар шакли моеъ ё хамира берун партофта шуда, баъди бархӯрдан ба замин ин ё он шаклро мегиранд.

гулӯлаҳои оташфишонӣ вобаста ба ғилзати гудоза шаклҳои гуногун доранд. Андозаашон аз 1 то 7 см мешавад. Андозаи кӯндаланги онҳо аз 2,5-3 см то даҳҳо м буда, даҳҳо тонна вазн дорад. Гуногунии шаклу вазни гулӯлаҳои оташфишонӣ ба таркиби кимиёии тафтаҳои вулканӣ ва ҳолати физикии маводди партофташуда вобаста аст. гулӯлаҳои оташфишонии гирду кулчамонанди пластикии часпак дар натиҷаи партоби тафтаҳои дар ҳаво тобхӯрда ба Замин афтида пачақ мешавад. Аз тафтаи тобхӯрдаи ҷинсҳои асостаркиб (базалт) шакли гирди салламонанд, аз тафтаи турштаркиб, ки таркибаш аз SiO2 ғанӣ аст ва часпакиаш бештар мебошад, гулӯлаҳои ғайрисимметрию кунҷдор ҳосил мешаванд. Аз рӯи сохт гулӯлаҳо яклухт, паршакл, кафкдор ва ковоку газдор мешаванд. Дар баъзе минтақаҳо маводди гулӯлаҳои оташфишониро ҳамчун масолеҳи бинокорӣ истифода мебаранд (Арманистон, Итолиё, Курил). Дар Тоҷикистон гулӯлаҳои оташфишонӣ дар қ-кӯҳҳои Қурамаву Ҳисор дар дохили ҷинсҳои вулкании давраҳои карбон ва перм вомехӯранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]