Гурба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гурба
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Felis catus Linnaeus, 1758
Мутародифот
  • Felis silvestris catus (Linnaeus, 1758)
  • Felis catus domestica
    (Erxleben, 1777)
  • Felis domestica Erxleben, 1777

Гурба (лот. Felis catus), пишак, пушак, синнавр, ҳирф — ҷонвари хонагӣ. Ба оилаи гурбашаклҳои қатори дарандагон мансуб мебошад.

Ҳоло қариб 260 зоти гурба ба вуҷуд оварда шудааст. Гурбаро тақрибан 9500 сол қабл дар Шарқи Наздик хонагӣ кардаанд. Гурба ҳайвони чолок, ҳушёр ва тездав буда, бо ёрии чанголҳои гирояш ба дару девор ва дарахтон часпида мебарояд. Чанголҳои гурбаро рагу пайҳо ба дарун кашида меистанд ва фақат дар мавриди часпида баромадан ё доштани сайд берун меоянд. Ҳангоми роҳ рафтан, гурба нармаки панҷаашро ба замин гузошта, садо намебарорад. Мӯи баъзе гурбаҳо дарози пахмоқ, дигарашон кӯтоҳи маҳин аст. Рангаш сиёҳ, малла, хокистарӣ, сафеди хокистарӣ; гоҳе палангранг (ало, рах-рах) низ мешаванд. Сараш лунда, танаш калон (40-60 см), гардану пойҳояш боқувват; думаш дароз (25-41 см); модинааш нисбат ба нарина хурдтар аст. Вазнаш андаряк 2,5-6,5 кг (баъзан 9 кг ва бештар). Суфраи гӯши гурба то 180° ҳаракат мекунад. Шунавоии гурбаҳо хуб тараққӣ кардааст. Гурба дар 7-8-моҳагӣ болиғ мешавад. Давомоти ҳамлаш 55-60 рӯз; 3-8 гурбача мезояд. Муҳлати ширхорагии гурбачаҳо 8-10 ҳафта аст. Ғизои гурбаҳои хонагӣ гӯшт, гӯшти моҳӣ, шир, хӯрокҳои тайёри махсус ва ғ. мебошад. Гурбаҳо таъми турш, талх ва шӯрро ҳис мекунанд. Онҳо муш, калламуш ва дигар ҷонварони зараррасонро нобуд менамоянд. Дар ҳолати аз нигоҳубин маҳрум шудан, гурба гурехта ёбоӣ мешавад: парандаҳоро дошта мехӯрад, лонаи онҳоро вайрон карда, чӯҷаҳояшонро нобуд мекунад. Чунин гурбаҳо метавонанд паҳнкунандаи касалиҳои сироятӣ (калӣ ё ҷараб, шукуфаи мӯйчин) ва ангали (трихинеллёз, описторхоз дифиллобатриоз ва ғ.)-и одам ва ҳайвонот бошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]