Давлати Элам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Элам. Яке аз қадимтарин давлатҳо Элам буд. Он дар ҷанубу - ғарби Эрон (Хузистони имрўза) ҷойгир буд. Дар ин минтақа ҳанўз дар аввали ҳазорсолаи IV п.м. шаҳраку шаҳрҳо пайдо шуда, иқтисодиёт тараққӣ мекунанд. Дар пойтахти он ш. Шуш биноҳои боҳашамат, истеҳсоли фулузот, чархи кулолгарӣ ва хат пайдо мешаванд.

Дар асри XXVII – XXVI п.м. дар Элам аввалин иттиҳодияи сиёсӣ, яъне давлат ташкил мешавад. Минбаъд ва то охири ҳазорсолаи II п.м. Элам дар нашъунамо буд, бо Шумеру Аккад ва Бобул рақобат ва ҷанг мекард, баъзан минтақаҳои ҳамсарҳадро ишғол менамуд. Дар Элам савдо, заминдорӣ, чорводорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, маъмурият инкишоф ёфта буд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 29.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]