Дамламаи помидорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Дамламаи помидорӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Дар равғани тафсон гӯшти лӯнда-лӯнда резашудаю пиёзро бирёнда, намак, барги ғор, 1 қаламфур меандозанд ва аловро паст карда мемонанд. Ӯзаки помидорро бурида, дар рӯи гӯшт бутун-бутун мечинанд. Таомро дар алови паст 40 дақиқа мепазанд.

Барои дамламаи помидорӣ 2 кг гӯшт, 1 кг помидор, 300 г равған, 1 дона қаламфур, мувофиқи табъ намак, зиравор ва кабудӣ зарур аст.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]