Дензел Вашингтон
англ. Denzel Washington | |
Ном ҳангоми таваллуд | англ. Denzel Hayes Washington, Jr. |
Таърихи таваллуд | 28 декабр 1954[1][2][3][…] (69 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | коргардони филм, таҳиякунандаи филм, ҳунарпешаи синамо, сухангӯ, ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпеша, коргардон, producer |
Ҳамсар | Pauletta Pearson Washington[d] |
Фарзанд | John David Washington[d], Olivia Washington[d][4] ва Malcolm Washington[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дензел Вашингтон (англ. Denzel Washington; соли таваллуд 1954) — ҳунарпеша, коргардон ва кинопродюссери амрикоӣ. Ду маротиба сазовори ҷоизаи Оскар гардидааст. Барои нақши дуюми беҳтарини мардона (1990) ва Барои нақши беҳтарини мардона (2002). Ӯ барандаи ҷоизаи Глобуси тилоӣ (1990, 2000) аст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дензел Вашингтон 28 декабри соли 1954 дар шаҳри Маунт Вернони Иёлоти Ню-Йорки ИМА ба дунё омадааст. Падари ӯ рӯҳонӣ буда, модараш дар кошонаи ҳусн кор мекард. Дензел дар оила аз се фарзанд, фарзанди дуюм буд.
Баъд аз хатми мактаб, Вашингтон ба донишгоҳи Фордҳем дохил мешавад ва аввал тиб, баъдтар биология ва чанде пас рӯзноманигориро меомӯзад. Дар ниҳояти кор Дензел ба театр рӯй меорад ва дар аксари намоишномаҳои гурӯҳи эҷодии донишҷӯён баромадҳо мекунад. Яке аз нақшҳои беҳтаринаш офаридани нақши Отелло дар фоҷиаи Шекспир буд.
Маҳорат ва меҳнатдӯстии Вашингтонро ба назар гирифта, ба ӯ дар консерваторияи театрии амрикоии Сан-Франсиско идрорпулӣ ҷудо карданд. Вале пас аз як сол ҳунарпеша таълимгоҳро тарк мекунад ва минбаъд ҳунарашро танҳо дар саҳнаҳо сайқал медиҳад.
Ҳунарпешаи ҷавонро олами телевизион бо оғӯши гарм пазируфт. Филми телевизионии аввалине, ки дар он Дензел нақши ҷузъиеро бозид, филми "Вилма" буд. Ҳангоми ба наворгирии ин филм ӯ бо ҳамсари ояндааш Паулетта шинос мешавад. Пас аз чанд сол онҳо издивоҷ карданд. Ҳунарпеша то ҳол бо ҳамсараш мебошад ва онҳо соҳиби чор фарзанд ҳастанд.
Аз авали солҳои 80-ум дар ИМА ҷараёни роҳ додани сиёҳпӯстон дар нақшҳои марказӣ сар шуд. Аксари ин филмҳо дорои эътирози иҷтимоӣ ва сиёсӣ буданд. Дар ин давра Дензел Вашингтони бомаҳорат бекор намонд. Ӯро ба чандин филмҳо даъват карданд. Яке аз ин филмҳо филми "[[История солдата" (коргардон Норманн Ҷюисон, 1984) буд. Соли 1986 Дензел дар филми Сиднӣ Люмет "Власть" нақш офарид. Барои иштирок дар филми "Клич свободы" (коргардон Ричард Аттенборо, 1987) Вашингтонро чун беҳтарин ҳунарпеша дар нақши дуюмдараҷа ба ҷоизаи "Оскар" пешбарӣ карданд. Нақши офаридаи ӯ дили тамошобинону мунаққидонро тасхир кард. Соли 1989 филми Эдвард Свик "Слава" ба Вашингтон ҷоизаи "Оскар"-ро меорад.
Соли 1993 Вашингтон бо ҳамроҳии Ҷулия Робертс дар филми Алан Ҷ. Пакула "Дело о пеликанах" нақш меофарад. Солҳои 90-ум Дензел нақшҳои зиёди низомиён, полис, афсарон, собиқ кормандони амниятро бозид. Ин солҳо ӯ дар филмҳои "Багровый прилив" Тонӣ Скотт (1995), "Виртуозность" Бретт Леонард (1995), "Дьявол в голубом платье" Карл Франклин (1995), "Мужество в бою" Эдвард Свик (1996), "Падший" Грегорӣ Хобит (1998), "Власть страха" Филипп Нойс (1999) нақшҳо офарид.
Филми дигари Норманн Ҷюисон «Ураган» давраи наве дар ҳаёти эҷодии Дензел Вашингтон буд. Нақши муштзан Рубин Картер бо лақаби "Ураган" ки бо туҳмати одамкушӣ 20 сол дар маҳбас нишаста буд ба Вашингтон ҷоизаи "Золотой глобус", пешбарӣ ба "Оскар" ва мукофоти кинофестивали байналмилалии Берлинро чун "нақши беҳтарини мардона" овард. Чанде пас ниҳоят дар филми "Тренировочный день", ки коргардонаш Антуан Фукуа буд, ҷоизаи «Оскар» барои нақши асосӣ низ ба даст омад. Вашингтон баъд аз Сидней Пуатйе ҳунарпешаи дуввуми сиёҳпӯсте буд, ки аз рӯи ин номинатсия соҳиби "Оскар" гардид.
Соли 2002 Вашингтон ба ҳайси коргардон баромад кард: ӯ филми психологии "История Энтони Фишера"-ро ба навор гирифт, ки дар он яке аз нақшҳои асосиро бозид. Соли 2006 Вашингтон боз дар филмҳои Спайк Лӣ "Не пойман - не вор" ва Тонӣ Скотт «Дежа Вю» иштирок кард.
Дар айни замон, ҳунарпеша дар авҷи камоли худ мебошад ва ҳунари худро пайваста сайқал медиҳад. Ӯ коргардониро низ тарк накардааст. Соли 2008 филми нави ӯ "The Great Debaters" ба экранҳо хоҳад баромад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ду маротиба сазовори ҷоизаи Оскар гардидааст. Барои нақши дуюми беҳтарини мардона (1990) ва Барои нақши беҳтарини мардона (2002). Ӯ барандаи ҷоизаи Глобуси тилоӣ (1990, 2000) аст.
Филмҳо бо иштироки Дензел Вашингтон
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1988 — За королеву и страну / For Queen And Country
- 1990 — Блюз о лучшей жизни / Mo' Better Blues
- 1990 — Состояние сердца / Heart Condition
- 1991 — Миссисипи Масала / Mississippi Masala
- 1991 — Рикошет / Ricochet
- 1992 — Малькольм икс / Malcolm X
- 1993 — Филадельфия / Philadelphia
- 1993 — Дело о пеликанах/ The Pelican Brief
- 1993 — Много шума из ничего / Much Ado About Nothing
- 1995 — Багровый прилив / Crimson Tide
- 1995 — Дьявол в синем платье / Devil In Blue Dress
- 1995 — Виртуальный мир / Virtuosity
- 1996 — Мужество в бою / Courage Under Fire
- 1998 — Падший / Fallen
- 1998 — Осада / The Siege
- 1999 — Ураган / The Hurricane
- 2001 — Тренировочный день / Training Day
- 2002 — Джон Кью / John Q
- 2003 — Вне времени / Out of Time
- 2004 — Гнев / Man on Fire
- 2004 — Манчжурский кандидат / The Manchurian Candidate
- 2006 — Дежавю / Deja Vu
- 2006 — Не пойман — не вор / Inside Man
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дензел Вашингтон(англ.) дар вебгоҳи Internet Movie Database
- [1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ https://www.elle.com/culture/movies-tv/a44386535/olivia-washington-im-a-virgo-interview/
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 28 декабр
- Зодагони соли 1954
- Зодагони иёлати Ню-Йорк
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Коргардонҳои синамо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешаҳои синамои ИМА
- Ҳунарпешагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
- Коргардонҳои синамои ИМА
- Кинопродюсерҳои ИМА
- Барандагони ҷоизаи Оскар
- Барандагони ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ»
- Барандагони ҷоизаи Эмми