Диабети қанд

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Аломати диабет, ки аз тарафи СММ тасдиқ шудааст

Диабети қанд (лотинӣ: diabetes mellītus) — бемории муттасиле, ки ба он баландшавии сатҳи қанди хун бар асари норасоии инсулин (гормони ғадуди зери меъда) хос аст.

  • диабети қанди навъи 1 - беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва дар натиҷаи ин ба бадани бемор доруи инсулин гузарондан лозим меояд;
  • диабети қанди навъи 2 - беморие, ки дар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд ё бо таъиноти духтур ба баданаш доруи инсулин гузаронад;
  • осеби диабети қанд – осеби рагҳои хунгузари шахсони мубталои диабети қанд, ки дар асари он шабакияи чашм аз ҳам рехта, беморро нобино мегардонад (ретинопатияи диабети қанд); ба гурдаҳо таъсир гузошта, боиси хурӯҷи заъфи гурдаҳо мешавад (нефропатияи диабети қанд ); аз он пойҳои бемор дардманд гашта, захмҳои трофикӣ пайдо шуда, ба паҳншавии фасод ва маъюбӣ расонда, буридани пойҳои ӯро ноилоҷ мегардонад (бемории пошнаи диабети қанд ) ва ғайра;

воситаҳои худназораткунӣ - тасмаи ташхисӣ ва асбобҳое (глюкометрҳое), ки имконият медиҳанд беморон мустақилона дараҷаи глюкозаи хунро муайян намоянд.

Пайвандҳои беруна[вироиш]