Ташхис

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ташхис (Diagnosis), дардшиносӣ, диагноз, хулосаи мухтасари тиббӣ оид ба табиат (асл)-и беморӣ ва аҳволи бемор. Бо ёрии усулҳое, ки соҳаи махсуси тиб пешниҳод кардааст ва дар асоси баёноти бемор (ниг. Анамнез), нишонаҳои дард, натиҷаҳои муоина, муқоисаи маълумоти бадастомада бо аломатҳои шабеҳи бемориҳои дигар духтур беморро Ташхис мекунад. Ташхиси аниқ нафақат барои интихоби усули муолиҷа ва муайян кардани дараҷаи коршоямӣ, балки барои пешгирии беморӣ низ зарур аст.

Ташхис клиникӣ (дар зиндагӣ) ва паталогоанатомӣ (баъди фавт) мешавад. Ташхиси тиббии судӣ низ мавҷуд аст. Ҷои махсусро ташхиси эпидемиологӣ ишғол мекунад (дар бораи сабабҳо ва шароити пайдоиши манбаи эпидемии муайян хулоса мебарорад).

Дар ташхиси клиникӣ ҳама гуна бемориҳои дар рафти муоина ошкоршударо қайд мекунанд. Ҳангоми ин аввал бемории асосӣ, баъд оризаҳо ва сонӣ бемориҳои ҳамроҳ нишон дода мешаванд. Дар сурати нопурра будани муоина ташхис қаблӣ (пешакӣ) маҳсуб меёбад ва аломати савол мегузоранд. Дар мавридҳои оҷил (таътилӣ) то ба беморхона овардани мариз ба сифати ташхиси қаблӣ метавон фақат ҳолатҳо ё синдромҳои барои ҳаёт хавфнокро навишт, мас., хуншории дохилӣ, варами шуш ва ғ. Ташхиси клиникиро дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои тиббӣ қайд мекунанд. Ташхиси бемориеро, ки фарҷоми бад дорад, ба мариз гуфтан лозим нест.

Ташхиси патологоанатомӣ ба натиҷаҳои таҳқиқи морфологӣ баъди фавт ва бо маълумоти клиникӣ муқоиса кардани он асос ёфтааст. Ташхиси патологоанатомӣ бисёр вақт Ташхис-и клиникиро пурра ё тасдиқ мекунад, баъзан ба он мувофиқ намеояд.[1]

Манбаъ[вироиш]

  1. Ташхис http://tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/t/tashkhis/22-1-0-2904