Дӯстии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дӯстии Самарқандӣ

Дӯстии Самарқандӣ (форсӣ: دوستی سمرقندی‎; ? — қарни XVII) — шоир ва тазкиранависи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дӯстии Самарқандӣ дар манбаъҳои адабӣ инчунин бо номи Мирдӯстӣ, нисбати Бӯстонихонӣ ёд шудааст. Дӯстии Самарқандӣ шоири тоҷики охири асри 16 — ибтидои асри 17 буд. Аз содоти Самарқанд, фозилу донишманд, огоҳ аз улуми мутадовилаи давр, арӯзу қофияву хат, устод дар ҳалли муаммо ва ғайра ба дараҷаи мавлавият расида буд.

Дар шеъру шоирӣ Абдураҳмони Мушфиқиро устод хондааст. Пас аз сафари ҳаҷ (1601) соли 1603 ба Ҳиндустон рафт. Дар дарбори ҳокими Гуҷарот хидмат мекард. Баъдтар бо даргоҳи Абдураҳими Хони Хонон (Раҳимӣ) робита барқарор намуд.

Муаллифи тазкираи «Майхона» — Абдуннабӣ Фахруззамонии Қазвинӣ Дӯстии Самарқандиро дар Кашмир дидааст ва мегӯяд, ки вай девоне дошт шомили қасоид, ғазалиёт, рубоиёт иборат аз 8 ҳазор байт. Дар «Майхона» аз «Соқинома»-и Дӯстии Самарқандӣ 120 байт дарҷ гардидааст.

Ғазалҳову қасидаҳои Дӯстии Самарқандӣ маъниву мазмуни баланди шоирона доранд, бо санъатҳои бадеӣ ороста шудаанд. Ба ғазалҳои Муҳташами Кошонӣ, Ҳоқонии Шервонӣ ҷавобия хубе гуфтааст. Ҷавобияи ба ғазали Ҳоқонӣ гуфтааш манзумаи пурмуҳтавоест дар мадҳи Муҳаммад пайғамбар (с). Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ, ки бо Дӯстии Самарқандӣ шинос ва ҳамсӯҳбат буд, ӯро дар «қасидагӯӣ» фариди даҳр ва ваҳиди аср гуфтааст.

Дӯстии Самарқандӣ инчунин гирдоварандаи асаре бо номи «Тазкирату-л-хавотин» мебошад (таълифаш 1587). Дар ин китоб аз 240 шоир намунаи ашъор ҷамъ овардааст. Як нусхаи китоб дар китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон мавҷуд аст

Абёти зер аз ӯст:

Ба ҳар куҷо арақ аз рӯи дилситон бичакад,
Шавад чу чашмаи хуршеду нур аз он бичакад.
Агар хаёли қадаш дар дили малак гузарад,
Бало чу қатраи борон зи осмон бичакад.
Агар фусуни лабашро ба ханҷари алмос,
Даманд, аз ӯ ба даме сад ҳазор ҷон бичакад.
Зи теғи тези ту чун Дӯстӣ сухан гӯяд,
Аҷал шитобаду хун аз сари забон бичакад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]