Дӯстмуҳаммади Удӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дӯстмуҳаммади Удӣ
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1508(1508)
Пеша(ҳо) навозанда

Дӯстмуҳаммади Удӣ (форсӣ: دوست‌محمّد عودی‎; ? — 1508, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда, мусанниф ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз овони ҷавонӣ ба машқи созу наво, фарогирии илми мусиқӣ, шеър шуғл намуда, ин анвои ҳунарҳоро аз падараш Нодирмуҳаммади созанда, ки шахси ҳунарию фарҳангии замонааш буд, омӯхт. Муддати чанд назди Устод Шодӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Амир Муртоз ва дигарон мусиқии амалӣ ва назарӣ омӯхта, дар суҳбат, маҷлисҳои адабии Ҷомӣ, Навоӣ фаъолона ширкат намуда, аз ишон қавонини шеъру мусиқиро андӯхтааст.

Дӯстмуҳаммади Удӣ дар жанру шакл, анвои шеърию мусиқӣ таснифоти рангине дар тазмини зарбу усули мақомҳо «Рост», «Наво», «Бусалик», «Исфаҳон», сохта, махсусан, барои сози уд ихтирооти ӯ «Пешрави Шодона», «Амали Удӣ», «Кор ба Наво», «Савти оламгир», «Таснифи Рост» ва ғ. дар ҳаёти мусиқии Ҳирот шуҳрати зиёд касб кардаанд. Табъи хуби шоирӣ ҳам дошта, ғазалу мустазодро некӯ мегуфта, аксари навиштаҳояшро ба оҳанг овардаю иҷро намудааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:7005-111, ИВАН Уз. ССР; Рисолаи мусиқӣ, Р:468-111, ИВАН Уз. ССР; Бобур, Бобурнома, Тош., 1993; Маш-ҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1376; Ра-ҷабов А. Аз таърихи афкори мусиқии тоҷик дар ас. 12-15, Душ., 1989; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 69. — ISBN 978-99947-49-13-3