Завқӣ Завқизода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Завқӣ Завқизода

Завқӣ Завқизода (Завқизода Завқӣ Амин; 17 майи 1972, ноҳияи Москва) — давлатмард ва иқтисоддони тоҷик, доктори иқтисод (2006).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Завқӣ Завқизода 17 майи соли 1972 дар ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ» бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли 2001 дар Донишгоҳи миллии Австралия ба дарёфти унвони магистр оид ба рушди иқтисодӣ ва соли 2006 дар ҳамин донишгоҳ ба гирифтани унвони доктори улуми иқтисодӣ ноил шудааст[1].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1995—1996 — Иқтисоддони дараҷаи якуми шуъбаи методологияи Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон
  • 1996—1997 — Иқтисоддони дараҷаи якуми шуъбаи таҳлил ва пешбинии иқтисодии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон
  • 1997—1998 — Сариқтисоддони шуъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон
  • 1998—2002 — Сардори Шуъбаи қарздиҳии Идораи татбиқи сиёсати монетарии Бонки миллии Тоҷикистон
  • 2003—2006 — Докторант ва муаллими фанҳои макроиқтисодӣ ва молияи Донишгоҳи миллии Австралия
  • 2006—2007 — Муовини Сардори Идораи амалиёти бозори озоди Бонки миллии Тоҷикистон
  • 2007—2011 — Мушовири Директори иҷроияи Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор — Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои мазкур
  • 2011—2014 — Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
  • 2014—2017 — Мушовири калони бахши Ёрдамчиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ[2]
  • 2017—2020 — Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 4 январи 2020 бо фармони Президенти кишвар Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудаст[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]