Зайнулобуддини Румӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайнулобуддини Румӣ
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1475(1475)
Пеша(ҳо) навозанда

Мавлоно Зайнулобуддини Румӣ (? — 1475, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, шоир ва донишманди форс-тоҷик, китобдори дарбори Темуриёни Ҳирот.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи ибтидоии илм, ҳунарандӯзиаш дар зодгоҳаш (Ҳирот) гузашта, барои такмили дониш муддате ба Рум рафт. Сипас ба Ҳирот баргашт ва дар дарбори Темуриёни Ҳирот ба сифати китобдор хидмат намуд. Дар илмҳои дақиқ, фалсафа ва адабиёт, ҳунарҳои бадеӣ (хат, китобат, ороишгарӣ, ҳалкорӣ ва хотамкорӣ) исеъдоди хуб дошт. Дар мусиқии илмӣ ва амалӣ аз чеҳраҳои машҳури ҳавзаи ҳунарии Ҳирот маҳсуб шуда, бо донандагони созу овоз Устод Шодӣ, Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Исҳоқи Шиҳобӣ, Амир Муртоз, Хоҷа Абдулқодир, Ҳофизи Басир, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид ва дигарон ҳамкорӣ дошт. Дар суҳбати Ҷомию Навоӣ, машваратҳои адабӣ фаъол ширкат намуда, аз ишон дарси шеър ва илми бадеъ андӯхтааст. Дар мусиқии назарӣ рисолае нигошта, аҳли таҳқиқ (Абдулқодири Мароғаӣ) пазируфта, дар шаклу анвои созию овозӣ («амал», «кор» «савт», «нақш», «пешрав») тасниф намудааст. Аз таснифоти мусиқиаш «Пешрави афшон», «Пешрави сақил» (ба мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Ироқ»), «Пешрави фаръ» (ба мақоми «Ҳусайнӣ»), «Нақши хоҷагон», «Амали моҳрӯён» (ба мақоми «Наво») ва ғ. назди созан-даю хонандагони Ҳироту Рум маъруфу пазируфташуда. Зайнулобуддини Румӣ Табъи хуби шоирӣ дошт ва ашъори тасаввуфии марғуб мегуфта, соҳибдевон аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]