Зайнулобиддин Маҳмуди Ҳусайнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зайнулобуддин Маҳмуди Ҳусайнӣ
Зайнулобуддин Маҳмуди Ҳусайнӣ
Таърихи таваллуд 1436(1436)
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1502(1502)
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Зайналобуддин ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Ҳусайнӣ (1436, Ҳирот; 1502, ҳамон ҷо) — мусиқидон, оҳангсоз, хонанда, шоир ва донишманди форс-тоҷик, муаллифи «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар хонаводаи олим, мусиқидон, шоир, мударриси машҳури мадрасаи. «Иҳлосия»-и Ҳирот тав. шуда, улуми табиӣ ва инсониро аз падараш меомӯзад. Аз овони ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ (мусиқии назарӣ) шавқи хоса дошта, дар ин замина дар фарогирии таълифоти назарии мусиқии то замонааш кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Аз донишмандону устодони созу овози Ҳирот, Самарқанд, махсусан Амир Муртоз, Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Устод Шодӣ ва диг. дониши амалӣ ва назарии мусиқӣ андӯхт. З. М. Ҳусайнӣ бештар аз суҳбату дониши Ҷомӣ, Навоӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Амир Муртоз баҳраҳои зиёд бардошта, дар арӯз, мусиқӣ, риёзиёт, фалсафа дониши комил гирифта, аз мударрисони фарҳехтаи мадрасаи «Ихлосия» маҳсуб шуда, аз илмҳои риёзиёт, арӯз ва мусиқӣ тадрис мекардааст. Ҷомӣ, Навоӣ ба дониш, усули таҳқиқии З. М. Ҳусайнӣ эҳтиром мегузоштанд ва бо хоҳиши ишон ӯ асари назариявии «Қонуни илмӣ ва амалии мусиқи»-ро нигоштааст. ниг. «Қонуни…». З. М. Ҳусайнӣ дар таҳқиқи мусиқӣ бо ин асараш дар ҳаёти ма-дании Хуросон, Эрон, Мовароуннаҳр саҳифаи таҳлилии навро рӯи саҳна овард. Ӯ дар баррасии бисёр масоили амалию назарии мусиқӣ дар иртибот ба таҳаввулоти эҷодию иҷроии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ба натиҷагириҳои тозаи таҳқиқӣ дастёб шуда, тафсири таркиботи 12-мақом, шеъру мусиқӣ, тавону такяҳои зарбӣ дар мусиқӣ, тавзеҳи нави маҷмӯи даврии мақомҳо, табақоти адвор, равиши нави таҳқиқии мақомҳо дар заминаи сози дутор, тафсири имконоти иҷроии дутор дар тафсири таркиботи 12-мақом, уд ва такяҳои тору пардавии он ташхиси дурусти мақомҳо дар созҳои мусиқӣ- дутору уд, тасҳеҳи андеша, диди таҳлилии мусиқидонони гузаштаю муосир — Форобӣ, Сафиуддини Урмавӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Хоҷа Абдулқодир ва диг.-ро вобаста ба тағйирот, таҷдиди сабку равияҳои эҷодию иҷроии замонааш тасҳеҳ намудааст. Аз ин лиҳоз андеша, дониши баланди назарию амалии му-сиқии З. М. Ҳусайнӣро Навоӣ ва диг. эъзоз намуда, дар баёни масоили созу овоз аз ӯ дархости таълифи асари назарии мусиқиро кардаанд. Мероси мусиқии З. М. Ҳусайнӣ то нимаи аввали солҳои 80-уми садаи XX таҳқиқ нашуда буд. Бо саъю кӯшиши муҳаққиқо-ни тоҷику ӯзбек афкор, осори ӯ дастраси аҳли ҳунару таҳқиқ шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 71. — ISBN 978-99947-49-13-3.
  • Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ, Р:42 ИРАН Уз. ССР;
  • Ражабов И. Ноёб мусиқий манбаи, Известия ООН АН Уз. ССР, № 8-9, 1969;
  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир,Тош., 1963;
  • Зайнулобуддин Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ, таҳия ва таҳқиқи А. Раҷабов, Душ., 1987;
  • Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар ас. 12-15, Душ., 1989.]