Замин (истилоҳ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замин (истилоҳ) — объекти табиие, ки қонун муҳофизат мекунад. Маънои васеи истилоҳи замин ин тамоми кураи вай 6о ҳамаи компонентҳояш фаҳмида мешавад. Маънои маҳдудаш бошад, қабати хоки ҳосилдори болоии кураи замин асг, ки функсияҳои иқтисодӣ, экологиро иҷро мекунад.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқи замин гуфта соҳаи алоҳидаи ҳуқуқро меноманд, ки маҷмӯи муносибатҳоро оид ба соҳибй кардан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ намудани ресурсҳои заминиро ба танзим медарорад. Ядрои ҳуқуқи заминро меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ ташкил медиҳанд. Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикисто - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КГ ҶТ ва Кодекси замин ( аз 13.12.1996 бо тағӣиру иловаҳо аз 12.12.1997 ва 14.05.1999 ва 12.05.2001) ба ҳисоб мераванд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.12 ва 13 Конститутсияи ҶТ, м.2 Кодекси замин, м. 239 ва 289 КГ ҶТ) муқаррар намудааст, ки замин моликияти истисноин давлат буда, давлат истифодаи оқилонаи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Қонуни ҶТ «Оид ба ислоҳоти замин» (аз 5.03.1992 бо тагӣиру иловаҳо аз 4.11.1995 ва 15.05.1997) Кодекси замин (аз 13.12.1996 бо тагӣиру иловаҳо а з 12.12.1997, 14.05.1999, 12.05.2001), Қонуни Ҷ Т «Оид ба иҷора» (аз 6.12.1990, бо тагӣиру иловаҳо аз 4.11.1995) инчунин Қонуни ҶТ «Онд ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ( фермерй)» аз 10.05.2002 навгониҳои зиёде ба масъалаи замину заминдорӣ ворид намуданд. Мувофиқи ин қонунҳо акнун замин ба замннистифодабарандагон барои нстифодаи якумраи меросӣ ва ба ҳайси иҷора дода мсяиавад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқ

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 166