Занахдон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Занахдон (аз авестоии zanva — занах) — занах, манаҳ, чона, зақан, поинтарин бахши рӯй, воқеъ дар зери лаби зерин. балъамӣ дар «Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» меорад, ки силоҳи Шамшуни Обид аз устухони з.-и шутур буд, бо душманон «бад-он ҳарб кардӣ ва эшонро ҳазимат кардӣ ва ҳамекуштӣ аз эшон бад-он занахдони шутур». Дар адабиёт ба маънои маҷозӣ ва кинояву ташбеҳ, ҳамчун тасвири бадеӣ фаровон истифода шудааст. Мас.: Чоҳи з., чоҳи занах, чоҳи зақан, чоҳи ғабғаб — фурӯрафтагии андаке, ки дар зақани зеборӯён аст:

« Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯйи рахшони шумо,

Обрӯйи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо!

Ҳофиз
»

Занахдон ба ҷайб фурӯ бурдан ё даст ба зери занах сутун кардан — ғарқи андеша будан, ба тафаккур фурӯ рафтан:

« Варо дид бо дидагони пур зи хун,

ба зери занах даст карда сутун.

Фирдавсӣ
»

Занахдон гушодан — намоиш додани ҳусну ҷамол:

« Бад-он оин, ки хубонро будаст,

занахдон мегушоду зулф мебаст.

Низомӣ
»

Занахдон бар зону мондан — андуҳгин будан:

« Ба Юмгон ман ғарибу хору танҳо,

Аз инам монда бар зону занахдон.

Носири Хусрав
»

Дар тасаввуф з. лутфи маҳбуб аст, аммо қаҳромез, ки соликро аз ҷоҳи ҷовидонӣ ба чоҳи зулмонӣ меандозад («кашшофу истилоҳоти-л-фунун»).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]