Ибни Ямин
Таърихи таваллуд: | 1286[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 30 январ 1368[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ[1] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Амир Фахруддин Маҳмуд ибни Яминуддини Фарюмадӣ (форсӣ: فخرالدین محمود بن یمینالدین طغرایی مستوفی بیهقی فَریُومَدی), мутахаллис ба Ибни Ямин (форсӣ: ابن یمین) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Давлатшоҳи Самарқандӣ зодгоҳи ӯро деҳкадаи Фарюмад (маркази Ҷувайн аз ноҳияҳои Сабзвор) ва Яминуддин — падари шоирро адиб, суханвар, шоир ва аҳли қалам гуфтааст. Яминуддин вазифаи муставфии вазири Хуросон − Хоҷа Алоуддин Муҳаммади Фарюмадии Хуросониро ба уҳда дошт ва бо лақабҳои «Туғро» ва «Муставфӣ» машҳур буд. Ибни Ямин низ ҳамроҳи падар даврони ҷавонии худро дар дастгоҳи Алоуддин Муҳаммад гузаронд. Мувофиқи маълумоти Ёсимӣ, ӯ дар хидмати падар зимни фарогирии кори идорӣ муқаддамоти шеъру адабро омӯхт. Пас аз фавти падараш (соли 1322) мансаби ӯро ба уҳда гирифт ва дар корҳои девонӣ монанди падару ниёкони худ ба мартабаи туғроӣ ва муставфӣ расид. Машғулияти Ибни Ямин ба корҳои девонӣ дер давом накард. Ӯ нахуст ба Табрез, ба дарбори Ғиёсуддин Муҳаммади вазир, сипас ба Ироқ, ба хидмати Хоҷа Саъдуддини Масъуд рафт. Ибни Ямин шоҳиди қиёми Сарбадорон буд ва пас аз шикасти Тағотемурхон аз ҷониби Ваҷеҳуддин Масъуди Сабзворӣ бо сурудани қасидае дар мадҳи Ваҷеҳуддини Масъуд ба ӯ наздик шуд ва аз ин пас то охири умр дар хидмати Сарбадорон будааст. Соли 1341 дар муборизаи сарбадорон бар зидди ҳокимони муғул ширкат кард. Дар ҷанги Зова (26 июли 1342), ки миёни Ваҷеҳуддини Масъуд ва султон Муъиззуддин Ҳусайни Курт (ҳукмрони Ҳирот) рух дод, девони ашъори Ибни Ямин талаф ёфт ва худи ӯ ба асорати сипоҳиёни Муъиззуддин афтод. Аммо бо сабаби шуҳрати шоирӣ доштанаш ба аҳли дарбори оли Курт наздик шуд ва се сол дар Ҳирот назди Муъиззуддин зиндагӣ кард. Дар лаҳзаҳои охири умр Ибни Ямин дар зодгоҳаш, дар иқоматгоҳе, ки сарварони сарбадорӣ ба ӯ дода буданд, ҳаёт ба сар бурдааст.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Ибни Ямин дар наср муросилот ва мукотибот менавишт, ки намунаҳо аз онҳо боқӣ мондаанд. Пас аз он, ки девони ашъораш дар ҷанги Зова ба яғмо бурда шуд, бори дигар ба гирдоварии бозмондаи он пардохт; маҷмӯаи дуввум тибқи гуфтаи Авҳадии Балёнӣ, тақрибан 20 ҳазор байт доштааст. То замони мо фақат 14 ҳазор байти он расидааст, ки аз қасида, ғазалиёт, қитъаот, таркиббанд, тарҷеъбанд, мусаммат, мустазод, моддаи таърих, чистон, маснавӣ, ашъори арабӣ, рубоиёт ва муфрадот иборат аст. Ашъори Ибни Ямин содаву равон буда, дар каломаш таъсири сухани Саъдӣ, Анварӣ ва Мавлавӣ дида мешавад, сабки шеъраш хуросонист. Баъзан дар суханаш унсурҳои сабки ироқӣ низ ба назар мерасанд. Ибни Ямин дар қасидаҳо бештар ба Анварӣ пайравӣ карда, баъзе намунаҳоро аз ӯ овардааст.
Заҳири Форёбӣ, Масъуди Саъди Салмон ва ҳатто Бандори Розӣ низ аз назари ӯ дур намондаанд ва ин шаҳодат бар он аст, ки Ибни Ямин бо ашъори шоирони куҳан ошноӣ доштааст. Дар ғазалиёташ муҳаббати поку самимӣ, хушиҳои зиндагӣ, таровату зебоиҳои табиати дилфиребро тараннум карда, ҳамчунин гоҳе ба масъалаҳои ахлоқиву иҷтимоӣ низ рӯ овардааст. Муҳимтарин бахши осори адабии Ибни Ямин қитъаҳои ӯст. Бештари қитъаҳои Ибни Ямин ахлоқӣ ва панду насиҳатӣ мебошанд. Ибни Ямин дар қитъаҳояш нобаробариҳои иҷтимоии замон, ҷавру ҷафои золимон, худписандӣ, риёкорӣ, беғамӣ барин хислатҳои ношоистаи баъзе ашхосро танқид карда, мардӣ, одамдӯстӣ, додхоҳӣ, инсофу адолат, хайру саховат, илму маърифат, ғамхори халқ будан, сарбаландона зистанро аз сифатҳои баргузидаи инсон донистааст. Ӯ дар эҷодиёташ ба санъатҳои маънавии шеър, аз қабили ташбеҳу тазодду тамсил бештар майл кардааст:
Набувад меҳтарӣ ба рӯзу ба шаб,
Бодаи хушгувор нӯшидан,
Ё таоми лазизро хӯрдан,
Ё либоси латиф пӯшидан.
Ё бад-он кас, ки зердаст бувад,
Ҳар замон бесабаб хурӯшидан.
Ман бигӯям, ки меҳтарӣ бувад,
Гар бихоҳӣ зи ман ниюшидан:
Ҳамагонро зи ғам раҳонидан,
Дар раоёти халқ кӯшидан!
Маснавиҳои Ибни Ямин — «Корнома», «Анӯшервон ва мубадон», «Маҷлисафрӯз» мавриди татабӯи дигарон гардидааст. Ашъори муламаи Ибни Ямин аз тавони баланди ӯ дар забони арабӣ гувоҳӣ медиҳад. Ашъори баргузидае аз девони Ибни Ямин ҳамроҳи тарҷумаи олмонии он бо кӯшиши шарқшиноси австриягӣ Шлихта Вессерд бори нахуст соли 1852 дар Вена ва соли 1879 дар Штутгарт интишор ёфт. Қитъаҳои Ибни Ямин соли 1865 дар Калкутта, қисмати дигар соли 1933 бо тарҷумаи англисӣ ва кӯшиши Е. Рудвелл дар Лондон, девони ашъори ӯ бо кӯшиши Рашиди Ёсимӣ, қитъаву маснавӣ ва рубоиёти ӯ бо кӯшиши Саъиди Нафисӣ соли 1935 дар Теҳрон ба нашр расиданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибни Ямини Фарюмадӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.