Иброҳими Карминӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳими Карминӣ
Таърихи таваллуд 1490(1490)
Зодгоҳ Кармина
Таърихи даргузашт 1561(1561)
Маҳалли даргузашт Бухоро
Пеша(ҳо) навозанда, хонанда

Амир Иброҳими Карминӣ (1490, Кармина1561, Бухоро) — мусиқидон, хонанда, навозанда, оҳангсоз ва суханвари форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусиқиро дар зодгоҳаш аз падараш омӯхт. Дар овозхонӣ ва сознавозӣ сабки хоса дошта, мӯътакид ба сабки бостонӣ буда, дар идомати суннатҳои иҷроии мардумӣ корҳои зиёди ҳунарӣ менамудааст. Иброҳими Карминӣ барои такмили дониши ҳунарӣ ба шаҳрҳои Марв, Ҳирот, Балх, Самарқанд ва Бухоро сафар намуда, бо донандагону нобиғони созу овоз аз Ҷаъфари Қонунӣ, Устод Султонмуҳаммади Удӣ ва Абдохалифа наздик шинос шуда, дар иртибот бо шеъру мусиқӣ ҳунар андӯхт. Муддати чанд дар дарбори Шайбониён (1500—1599) Абдуллохони аввал (1530—1540), Абдулазизхон (1540—1549) чун мутриб хидмат карда, аз дарсҳои ҳунарии Кавкабии Бухороӣ баҳ-раҳои зиёди эҷодӣ бардоштааст. Иброҳими Карминӣ дар овозхонӣ сабк ва маҳорати баланди иҷроӣ дошта, дар ҳав-заҳои ҳунарии Бахорою Самарқанд бо номи «бул-булнавои карминӣ» машҳур будааст. Дар шаклу анвои мусиқӣ «савт», «амал», «қавл», «нақш», «рехта» ва «сунбулӣ» сохта, махсусан, дар тазмини усули мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Исфаҳон», «Рост» танифоти зиёд сохта, ғазалро некӯ мегуфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 83. — ISBN 978-99947-49-13-3.