Иброҳими Қонунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳими Қонунӣ
Таърихи таваллуд 1478(1478)
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1542(1542)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда

Амир Иброҳими Қонунӣ (1478, Ҳирот — 1542, ҳамонҷо) — мусиқидон, навозанда, хонанда, шоир ва хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш — Ҳирот камолот ёфта, барои такмили пеша ба Сабзавор, Рай, Табриз рафта, дар мусиқӣ (қонуннавозӣ), хаттотӣ ва сурудани асарҳои мусиқии тасаввуфӣ, ҳамосӣ ном баровард. Ӯ дар хидмати Сафавиён (1502—1736), Шайбониён (1500—1598) ба сифати котиб, дафтардори наққорахона, ромишгар (навозанда ва хонанда) будааст. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «савт», «нақш», «амал», «қавл», «кор», «сунбулӣ», «рехта» таснифоти рангини созию овозӣ сохта, дар шеъру шоирӣ табъи равон дошта, бо тахал-луси «Қонунӣ» ғазалу рубоиёт гуфта аст. Дар усули мақомҳои «Бузург», «Рост», «Нақши лаъли ту»-ро сохта, дар ҳаёти мусиқӣ шуҳрати зиёд касб намуда ва матнаш ба қалами Иброҳими Қонунӣ аст:

То лаъли ту дилфурӯз хоҳад будан,
Корам ҳаме оҳу сӯз хоҳад будан.
Гуфтӣ, ки ба хонаи ту оям рӯзе,
Он рӯз кадом рӯз хоҳад будан.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 85. — ISBN 978-99947-49-13-3.