Иброҳим Қавоми Форуқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иброҳим Қавоми Форуқӣ

Шайх Иброҳими Қавоми Форуқӣ (форсӣ: ابراهیم قوام فاروقی‎; ? — қарни XV) — луғатнавис, сӯфӣ[1] ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Форуқӣ дар вилояти Биҳори Ҳиндустон ба дунё омадааст. Форуқӣ муаллифи фарҳанги «Шарафномаи Манярӣ» мебошад. Дар тазкираҳо ва дар фарҳанги зикрёфта шеърҳои ӯ (қасидаҳо, манзумаҳои хурд, ғазалҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Номаҳо ва ваъзҳои Форуқӣ дар китоби «Маъдану-л-маонӣ» фароҳам омадаанд. Оромгоҳи ӯ дар шаҳри Лакҳнав зиёратгоҳи омму хос аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]