Изи шиҳоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Изи шиҳоб, изи метеор — изе, ки баъд аз таркиши шиҳобпора (метеороид)-ҳои рахшон дар осмон боқӣ мемонад.

Мушоҳидаи И. ш. дар атмосфераи Замин ҳодисаи хеле ҷолиб аст. Пеш аз пайдо шудани шиҳобпора қабати мавҷи зарбатӣ дар шакли гази атмосферии фишурдаи тафсон ҳосил мешавад. Андозагирии тағйирёбии И. ш. бо усули радиомавҷӣ имкон медиҳад, ки суръати атмосфераи Замин дар баландиҳои 80-100 км таҳқиқ карда шавад. Агар ҳаракати шиҳоб амудӣ бошад, изи он дар атмосфера бештар боқӣ мемонад. Аз ҳисоби ҳаракати қисмҳои муайяни атмосфера И. ш. метавонад куллан тағйир ёбад. Мас., чунин ҳодиса 23 июли соли 2008 дар Тоҷикистон ба амал омада буд. Фавқушшиҳоби Тоҷикистон соати 19:45 дақ. бо вақти маҳаллӣ дар фазои ғарбии Ҳисор, дар давоми 20 дақ. мушоҳида шуда, изи худро дар осмон зуд тағйир дод. Парвози шиҳоб бо таркишҳо ва садоҳои баланд ба амал омад ва ин ҳодисаро қабулкунакҳои оптикии низоми радифони ҳарбии ИМА ба қайд гирифтанд. Давомнокии таркиши дурахшонӣ 4,5 с-ро ташкил дода, он ду бор такрор ёфт. Қадри ситоравии фавқушшиҳоб ба — 21m баробар буд. Дар натиҷаи таркиш 1,87х1011 Ҷ энергия хориҷ шуд. Баландии фавқушшиҳоб дар ҳудуди аз 14,3 то 43,4 км мехобад. И. ш.-и мазкур аз ҷониби дӯстдорони астрономия аксбардорӣ шудааст (расми 2). И. ш.-и дигар, ки хеле дурахшон буд, баъди афтидани шиҳобсанг ба ш. Челябинск (Русия) субҳи 15 феврали соли 2013 тақр. соати 9:20 дақ. бо вақти маҳаллӣ ба вуҷуд омад. Ин ҷисми шиҳобсангӣ дар атрофи Челябинск дар баландии 15-25 км таркиши азимеро ба вуҷуд овард. Мувофиқи ҳисоби NАSА (Барномаи кайҳоншиносии ИМА) шиҳобсанг (метеорит) ба қутр (диаметр)-и 17 м ва массаи 10 000 т ба атмосфераи Замин бо суръати 18 км/с ворид шудааст. Изи ҳаракати шиҳобпора тавассути дастгоҳҳои кайҳонии MTSAT-2, Мeteosat-9, Меteosat-10, FY-2D ба қайд гирифта шуд (расми 3). Масири ҳаракати парвози шиҳобпора аз тарафи шарқ ба ғарб дар қисми ҷанубии ш. Челябинск ба амал омад. Афтиши чунин ҷисмҳои осмонӣ хатари калон надошта бошад ҳам, метавонад боиси харобиҳои зиёд гардад. Давомнокии И. ш.-и бо чашм мушоҳидашаванда ба қадри ситоравии он вобаста аст: агар қадри ситоравии шиҳоб ба — 6m баробар бошад, муҳаққиқ метавонад изи онро дар давоми 2 дақ. мушоҳида намояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]