Изоверин
Appearance
Изоверин — воситаи тақвиятбахши раванди зоимон. Изоверин таваттур (тонус) ва таранҷиши бачадонро афзуда, интиқоли ҷунбаҳои асабро дар уқдаҳои бахши наботи (вегетативӣ)-и силсилаи асаб қатъ ва фишори шараёнро паст мекунад. Изоверинро ба мушак (1 мл маҳлули 2 % ё 5 %) мегузаронанд; қурси он (0,1 г) рӯзе 2‒3 бор истеъмол карда мешавад. Изоверинро ҳамроҳ бо питуитрин низ истифода бурдан мумкин аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Изоверин // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.