Изолятор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Изолятор (англ. Isolator ‒ воситаи ҷудосозии чизе ё касе аз муҳити итроф), инфиродгоҳ — ҳуҷраи алоҳида барои ҷой додани одамони гирифтори бемориҳои сироятӣ ё ба онҳо монанд (беморони дарунрав, табдор ва ғ.).

изолятор яке аз қисмҳои зарурии беморхона, дармонгоҳ, осоишгоҳ, боғчаҳои бачагона, ятимхона, хобгоҳ, бунгоҳҳои тиббии вокзалҳо, бандаргоҳҳо ва ғ. мебошад. Изолятор-ҳо бояд дуртар аз анбори хӯрокворӣ, ошхона, манбаъҳои таъмини об ҷойгир карда шаванд. Ҳангоми тоун, вабо ва бемориҳои дигари хавфнок беморон то пурра шифо ёфтан дар изолятор бистарӣ мегарданд. Ин навъ изолятор-ҳо мувофиқи дастуруламали хосса ҷиҳозонида мешаванд (нигар Карантин, Обсерватсия). Бинои изолятор бояд тозаву озода бошад. Ба он хояндагон, хомӯшакҳо, кӯрпашша, магас ва ғ. бояд роҳ наёбанд. Кормандони изолятор ҳангоми ба назди бемор даромадан аз хилъат, кулоҳ ва ниқоби докагии махсус истифода мекунанд. Дар аснои нигоҳубини беморони изолятор риоя кардани талаботи қатъии зиддивогирӣ (истифодаи зарфи алоҳида, гандзудоии мунтазами ҳавои хона, зарф, либоси таг, асбоби рӯзгор) ҳатмист. Одамони гирифтори грипп, сурфакабутак ва сурхчаро дар хонаи алоҳида ё ба як кунҷи хона парда кашида хобондан мумкин аст. Ба бемор косаву табақ, сару либос ва лавозимоти бистарӣ ҷудо карда, ашёи хона ва косаву табақҳоро мунтазам гандзудоӣ мекунанд. Парасторон бояд ба қоидаҳои нигоҳубини бемор ва маслиҳатҳои духтур қатъӣ риоя кунанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба парасторон моя (ваксина) гузаронида мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]