Инсиденталома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Инсиденталома (англ. incident – ногаҳон) — омоси ғадуди болои гурда, ки аломатҳои болинии он падид на­меоянд. И. бисёр вақт ҳангоми муоинаи бемориҳои дигар ошкор карда мешавад. Он зуҳуроти хосса надошта бошад ҳам, дар беморон боиси фишорбаландии шараёнӣ мегар­дад, ки далели муоинаи аниқу дақиқ аст. И.­и қутраш то 3 см мавриди назорат қарор дода мешавад. И.­и қутраш аз 5 см калонтарро ҷарроҳӣ мекунанд (адреналэктомия).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]