Эрон Худрав

Аз Википедиа
(Тағйири масир аз Иран Худрав)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Иран Худрав Iran Khodro (форсӣ: ایران خودرو) — калонтарин ширкати автомобилсозӣ дар Эрон мебошад. Ин ширкатро соли 1962 бародарон Аҳмад ва Маҳмуд Хайёмӣ бунёд кардаанд. Дафтари марказиаш дар шаҳри Теҳрон аст. Худравҳои сабукрави Samand ва Peugeot тавлид мекунад. Бо иҷозаномаи Mercedes-Benz мошинҳои боркаш ва автобус низ тавлид мекунад.

Аз солҳои 1960-ум то 90-ум Iran Khodro бештар худравҳои савории Пайконро дар асоси Peugeot-504 месохт ки дар кишвари Эрон хеле машҳур шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир Iran Khodro на танҳо як ширкати бузурги автомобилсозӣ дар Эрон аст, балки дар тамоми минтақаи Ховари Миёна ва Ховари Наздик машҳур аст. Солона ин ширкат беш аз 1 млн автомобил (550 ҳаз.), автобус, мошинҳои боркаш ва пикап истеҳсол мекунад. Аз руи ин нишондодаҳо Iran Khodro дар тамоми ҷаҳон дар ҷои 20-ум қарор дорад.

Илова ба Эрон истеҳсолоти ширкати Iran Khodro инчунин дар Озорбойҷон ва Беларус ҷойгиранд.

Таърихи мошинҳо[вироиш]

  • 1967 — Paykan (1600, 1725, 1800 cc). Комплектации: Standard, Deluxe, Kaarluxe, Javanan, and Taxi.
  • 1990 — Peugeot 405 (1600 cc). Комплектации: GL, GLX.
  • 1995 — Peugeot 405 (2000 cc). Комплектации: : GLX (Автомати (худкор) ва механики).
  • 1996 — Peugeot 205 (1360 cc). Комплектации: GR.
  • 1997 — Peugeot 1600 RD (1600 cc). Комплектации: RD, RDi, RDX.
  • 1998 — Peugeot 405 Estate (2000 cc). Комплектации: GLX.
  • 1999 — Peugeot Pars (2000 cc). Комплектации: Pars, Pars ELX.
  • 2000 — Истеҳсоли санҷишӣ Samand (1800 cc). Комплектации: Samand, Samand LX.
  • 2001 — Peugeot 206 (1400 cc). Комплектации: типҳои 2,3,5,6.
  • 2002 — Кушодашавии хати истеҳсолоти Samand.
  • 2004 — Peugeot GLi (1800 cc). Комплектации: GLi.
  • 2006 — Peugeot 206 SD (1600 cc). Комплектации: типҳо 3,4,5.

Истеҳсолот[вироиш]

Mercedes-Benz E Class истеҳсоли Эрон
Samand LX
  • Samand — дар асоси Peugeot-405
  • Samand Sarir — нусхаи дароз кардашудаи Samand
  • Samand Soren
  • Peugeot 206
  • Peugeot 405
  • Peugeot Pars
  • Peugeot RD
  • Peugeot ROA

Пайвандҳо[вироиш]