Ирина Савелева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ирина Савелева
Савелева Ирина Николаевна
Таърихи таваллуд: 3 октябр 1931(1931-10-03) (92 сол)
Касб: ҳунарпеша

Савелева Ирина Николаевна (3 октябри 1931, Ленинград) — ҳунарпешаи балет, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1957)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1951 баъди хатми Омӯзишгоҳи хореографии ш. Ленинград дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият доштааст. Аз соли 1962 аввал педагог ва баъдан роҳбари бадеии Омӯзишгоҳи хореографии ш. Минск буд. Дар балетҳои «Эсмералда», «Дилбар», «Дон Кихот», «Кӯли муғон», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Гилеми кабуд», «Жизел» ва ғайраҳо нақш бозида, дар кушодани симои қаҳрамононаш маҳорати баланд нишон додаст. Хидматаш дар тарбияи артистони балет калон аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.