Истиъоза

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Истиъоза (ар. استعاذة), Аъузу биллоҳ (ар. أعوذ بالله — «паноҳ бурдан ба Аллоҳ»), Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим (ар. أَعُوذُ بالله مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ — «Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз шайтони рондашуда ») — дар Ислом ба маънои паноҳ бурдан ба Худованд аз ҳар гуна шарру бадӣ ва васвасаҳои шайтон.[1]

Истиъоза ба маънои васеаш аз як амри ғаризӣ ва асли фитрие дар вуҷуди инсон бархостааст. Инсон ҳангоми рӯёрӯӣ бо хатарҳо ва дар лаҳзаҳои заъф ва осебпазирии худ мекӯшад, то бо паноҳ ҷустан ба як нерӯи бартар ба оромиш даст ёбад. Қуръони Карим бо нузули аввалин сураҳои маккӣ – Нос ва Фалақ ба баёни истиъозаи ҳақиқӣ ва паноҳ бурдан ба Худованд пардохт ва тафаккури даврони ҷоҳилиро, ки паноҳ бурдан ба ҷинну шайтон ва таслимпазирӣ дар баробари нерӯҳои бадиро ривоҷ медод, аз миён бурд.

Истиъоза ва паноҳ бурдан ба Худо дар омӯзаҳои исло­мӣ корбурди васеъ дорад. Он аз ҷанбаи эътиқодӣ яке аз шохаҳои рукни истионат аст, ки дар сураи Фотиҳа баён мегардад ва аз назари корбурди амалӣ асли амнияти ра­вонӣ ба шумор меравад. Дар ояти 98-уми сураи Наҳл гуфтани Аъузу биллоҳ ба унвони нахустин одоби тиловати Қур­ъон мавриди таъкид қарор гирифтааст ва аз назари уламои ислом гуфтани Аъузу биллоҳ пеш аз тиловати Қуръон, ҳам дар намоз ва ҳам дар ғайри он, мустаҳаб дониста шудааст. Машҳуртарин ибораи истиъоза «Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим» аст, ки бо назми ибораи қуръонӣ дар ояти 98-уми сураи Наҳл ҳамсозии комил дорад. Бинобар ин, уламо дар тааввуз ҳамин лафзро ихтиёр кардаанд. Ин ибора ҳарчанд бо назми ибораи қуръонӣ ҳамсозӣ дорад, вале ҷузъи оятҳои Қуръон ба шумор намеравад.[2]

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Википедиаи русӣ
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.85-86 / А. Боқизода.