Иттилоот (дар журналистика)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иттилоот (аз лот. information – навгонӣ, баён, шарҳ ) – Иттилоот (дар журналистика) — маълумоти мушаххас дар бораи воқеаву ҳаводис: шахс, ашё, рӯйдод, воқеа, ҳодиса, падида ва равандҳо, сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо, ки сарчашмаи муайян дорад, маҳфуз дошта мешавад, коркард ва таҷдид мегардад.

Мафҳуми имрӯзаи иттилоот бори аввал аз ҷониби Ситсерон истифода шудааст. Дар назарияи журналистикаи муосир иттилоот, пеш аз ҳама, навгониест дар шакли маълумоти кӯтоҳ, ки аҳамияти иҷтимоӣ дорад. Ҳамаи он иттилооте, ки тавассути ВАО ба мардум пешниҳод мешаванд, иттилооти журналистӣ меноманд. Дар журналистика истилоҳи иттилоот бо маъноҳои зиёд истифода мешавад:

  • - ба маънои маҳдуд – маҷмӯи маълумоти ташреҳнаёфта дар хусуси фактҳои муҳим, навгонии тоза аз соҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ: сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, варзишӣ ва ғайра. Иттилооти ватаниву хориҷӣ. Ин гуна иттилоот амалан дар жанрҳои хабар, ҳисобот ва мусоҳиба инъикос мешавад;
  • - ба маънои васеъ – тамоми ахбору маълумоти барои аудитория аҳамиятнок, ки дар шакли асарҳои публитсистӣ, илмӣ ва санъат тавассути ВАО пахш мешаванд. Ин гуна иттилоот ба ташреҳ ва таҳлил зарурат дорад. Аз ин рӯ, онро факт ва тафсир ташкил медиҳад;
  • - ба маънои махсус – маълумоти коркардашуда, ки ба хонанда, шунаванда ва бинанда таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат иттилоот на хислати матнро ифода мекунад, балки натиҷаи таъсири байниҳамии асар ва аудиторияро мефаҳмонад.

Иттилоот намудҳои гуногун дорад:

  • - иттилооти фактӣ, ки дар он эътимоднокии маълумотро дар вақту фазои муайян мавҷудияти ҳақиқии ин ё он зуҳурот ташкил медиҳад;
  • - иттилоти эҳтимолӣ – тахмин ва ё маҷмӯи тахминот доир ба ҳолати ин ё он зуҳурот;
  • - иттилооти тадбирӣ – маълумоти «банақшагирифташуда» доир ба имконияти рух додани ҳодиса;
  • - иттилооти арзишӣ – ифодакунандаи муносибати субъект ба ин ё он предмет, ки хусусияти баҳодиҳӣ дорад;
  • - иттилооти меъёрӣ – ба талабот, унвонияти гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ашхоси алоҳида ва амсоли ин тахмин шуда.

Аз рӯйи ҳаҷм иттилоотро боз ба ду навъ ҷудо мекунанд: кӯтоҳ ва васеъ. [1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 112–113. ISBN-978-999-47-43-37-7