Jump to content

Камолуддини Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолуддини Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: 1172[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1237[2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Камолуддин Исмоилибни Мущаммади Исфаҳонӣ (форсӣ: کمال‌الدین اسماعیل بن محمد اصفهانی‎), мутахаллис ба Халлоқулмаъонӣ (ар. خلاق‌المعانی‎; 1172[1], Исфаҳон1237[2], Исфаҳон[3]) — шоири форс-тоҷик, писари Ҷамолуддини Исфаҳонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фанни шеърро дар наврасӣ аз падар омӯхт. Бино ба маълумоти тазкираҳо, дар 19-солагӣ ба омӯхтани илмҳои гуногун пардохт. Дар ашъораш истилоҳҳои соҳаҳои тиб, нуҷум, фалсафа, риёзиёт ва шатранҷро моҳирона истифода бурдааст. Тибқи маълумоти Анварӣ, Камолуддини Исфаҳонӣ дар заргарӣ низ устоди моҳир будааст. Умри худро асосан дар зодгоҳаш гузаронда, танҳо боре ба Хоразм сафари яксолаи бебарор доштааст. Камолуддини Исфаҳонӣ соли 1235 шоҳиди қатли омми Исфаҳон аз ҷониби лашкари муғул буд ва пас аз ду сол худи ӯ аз дасти сарбози муғул кушта шуд. Адабиётшиносон Камолуддини Исфаҳонӣ-ро охирин қасидасарои тавонманд ва барҷастаи адабиёти форс-тоҷик донистаанд. Шеъри ӯро метавон дебочае барои густариши сабки ироқӣ номид ва худи ӯ аз пешгомони ин сабк ба шумор меравад. Бо зуҳури Камолуддини Исфаҳонӣ дар адабиёти форс-тоҷик равнақи қасида коста мешавад ва мавқеи ғазал устувор мегардад; мазмуни ғазал аз содагии нахустин ба сӯи печидагӣ майл мекунад. Ғазалиёти ӯ бештар ҷанбаи дунёгароӣ ва айнӣ дорад ва камтар аз ғазалсароёни муосираш ба тавсифоти ғайривоқеӣ ё маънавӣ пардохтааст. Камолуддини Исфаҳонӣ ба арабӣ низ шеър месуруд, аммо ашъори арабиаш монанди осори мансураш аз байн рафтааст. Девонаш дар қолибҳои мухталифи шеърӣ, монанди қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, таркиббанд ва маснавӣ аст, ки тақр. 15 ҳазор байтро дар бар мегирад. Қисми бузурги девони ӯ аз ашъори орифона ва мадҳӣ таркиб ёфтааст. Камолуддини Исфаҳонӣ маддоҳи бузургон буд, вале дар миёни мадҳияҳо ба нукоти ҳикамӣ ҳам таваҷҷуҳ дошт. Аз ҷумла мамдуҳони ӯ Рукнуддини Масъуд (аз Оли Соиди Исфаҳон), писари Муҳаммади Хоразмшоҳ, Ҳисомуддин Ардашер (подшоҳи бовандии Мозандарон), Атобак Саъд ибни Зангӣ буданд. Бархе аз намояндагони Оли Хуҷандро низ мадҳ кардааст. Камолуддини Исфаҳонӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик ҳамчун устоди қасида маъруф аст. Аксар қасидаҳои шоир тағаззул надоранд ва бевосита бо васфи мамдуҳон оғоз гардидаанд. Дар баъзе қасидаҳояш аз нобаробариҳои замон, беқадрии аҳли фазлу ҳунар ва ҷоҳилии зимомдорони давр шикоят кардааст. Камолуддини Исфаҳонӣ дар овардани маъниҳои дақиқ маҳорат дошт. Баробари чунин борикандешию диққат ӯ дар офаридани маъонӣ дар илтизомҳои душвор ва таъқид ва ба овардани радифҳои мушкил низ шуҳрат дорад, чунонки ба баъзе аз қасидаҳои ӯ, ки ба илтизомот ва қуюд суруда шуда, баъд аз ӯ ҷавоб гуфта натавонистаанд. Сарчашмаҳои адабӣ ҳамчунин дар охири умр ба ирфон гароиш пайдо кардани ӯро ёдоварӣ кардаанд. Дар эҷодиёти Камолуддини Исфаҳонӣ қитъа низ мавқеи муҳим дорад. Дар қитъаҳои ӯ баробари мадҳу ситоиш масъалаҳои иҷтимоӣ низ дида мешаванд. Ӯ аз беадолатии ҳокимони замон шиква ва хислатҳои ношоистаи инсонӣ чун кибру ғуруру ҳирсро мазаммат ва эҳсон, накукорӣ, дӯстию рафоқатро тарғиб кардааст. Муҳаққиқон ёдовар шудаанд, ки ашъори Камолуддини Исфаҳонӣ сарчашмаи аслии маънову мазмунҳои дақиқу нозукхаёлиҳои ашъори суханварони номвари асри 14, ба монанди Хоҷуи Кирмонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Салмони Соваҷӣ ва бавижа Ҳофиз будааст. Шоирону адибони турки усмонӣ ӯро ба унвони беҳтарин шоири форсӣ мешинохтаанд ва дар ашъори худ аз ӯ сармашқ гирифта, борҳо номашро дар осори худ овардаанд.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳар кӣ андар мавсими гул ҳамчу гул майхора нест,
Ончунон пиндор, к-ӯ худ дар ҷаҳон якбора нест.
Наргиси соҳибназар то дид аҳволи ҷаҳон,
Ихтиёраш аз ҷаҳон ҷуз мастию наззора нест.
То сабо шуд ҳуллабофу абр шуд гавҳарфишон,
Ҳеч луъбат дар ҷаҳон холӣ зи тавқу ёра нест.
Гул зи булбул тайра шуд, з-он ҷома дар худ пора кард,
З-он ки пургӯй аст, ӯро тоқати гуфтора нест.
Соғари лола агар бишкаст, бар ҷойи худ аст,
З-он ки ҷойи косабозӣ мағзи санги хора нест.
Гар ҷаҳад берун зи санги хора оташпораҳо,
Лоларо аз санги хора ҷаста оташпора нест.
Дар миёни сарву савсан ратли май бояд гарон,
Маҷлиси озодагонро аз гаронӣ чора нест!