Камолуддини Ҳусайнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолуддини Ҳусайнӣ
Мавлоно Камоли Ҳусайнӣ
Таърихи таваллуд 1450
Зодгоҳ ш. Ҳирот
Таърихи даргузашт 1507
Пеша(ҳо) навозанда,сароянда

Камолуддини Ҳусайнӣ (Мавлоно Камоли Ҳусайнӣ, 1450 Ҳирот 1507) — навозанда, мусанниф, сароянда ва мусиқидони тоҷик-форс.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодаи Ҳирот ва дар ин шаҳр зиндагӣ ва эҷод намуда, асосҳои мусиқиро назди Маҳмуди Ҳусайнӣ, Мавлоно Алишоҳ, Амир Муртоз, Хоҷа Юсуфи Бурҳон, асосҳои назарии мусиқиро назди Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Абӯлвафои Хо-размӣ, Хоҷа Шиҳобуддини Исҳоқ омӯхтааст. Дар сознавозӣ ва овозхонӣ, таснифсозӣ маҳорати фавқултабиӣ дошта, дар шаклу анвои шеърию му-сиқии «амал», «савт», «кор», «рехта», «саҷъ», «нақш», «қавл» дар усулҳои «Барафшон», «Уфар», «Шодиёна», «Мухаммас», «Чанбар» ба мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Рост», «Бузург», «Ушшоқ» асарҳои рангини созию овозӣ сохта, дар доираҳои ҳунарии Ҳирот, Марв, Бухоро ва Самарқанд шуҳрат доштаанд. Асарҳояш «Нақши Ҳусайнӣ», «Амалии Равона», «Сунбулии Ҳусайнӣ», «Савти Ҳиротӣ» ва ғ. ро ромишгарон пазируфта ва иҷро менамудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 94 ISBN 978-99947-49-13-3