Карл Маркс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карл Маркс
олмонӣ: Karl Marx
Таърихи таваллуд 5 май 1818(1818-05-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 14 март 1883(1883-03-14)[4][1][3][…] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ political economy[d], ҷомеашиносӣ ва фалсафа
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d][11][7][8]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Бруно Бауэр
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Карл Ҳе́нрих Маркс (олмонӣ: Karl Heinrich Marx; АФБ: [kɑrl.haɪnrɪx.mɑrks]) (5 май соли 1818, Трир14 март соли 1883, Лондон) — файласуф, иқтисоддон, рӯзноманигори сиёсӣ. Дар асоси асарҳои ӯ ҳаракатҳои коммунистӣ ва сотсиалистӣ бунёд ёфтаанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Даврони ҷавонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Карл Маркс дар оилаи ҳуқуқшинос ба дунё омадааст. ӯ дар шаҳри Трир ба дунё омадааст. Падараш, Ҳенрих (Гиршел) Маркс (Heinrich Marx), ва модаран, Генриетта Пресбург (Пресборк), аз авлоди раввинҳо мебошанд.

Солҳои 18301835 дар гимназияи шаҳри Трир таҳсил кардааст ва онро дар синни 17-солагӣ бо баҳои аъло хатм намудааст. Соли 1836 бо Ҷенни фон Вестфален (Jenny von Westphalen) хонадор шудааст.Баъд аз хатми гимназия, Маркс ба донишгоҳи шаҳри Бонн ва баъдтар шаҳри Берлин дохил мешавад. Дар ин ҷо ӯ илми ҳуқуқро меомӯзад, вале баъдтар шуғли дӯстдоштааш таъриху фалсафа мегарданд.

Карл Маркс

Ҳаёт ва фаъолият то соли 1849[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1841 Карл Маркс донишгоҳро бо ҳимояи рисола барои фалсафаи Эпикурхатм намуд. Маркс он замон пайрави фалсафаи идеалистии Гегел буд. Дар Берлин ӯ ба маҳфили навгегелчиён (Бруно Бауэр ва ғайра) пайваст.

Баъд аз хатми донишгоҳ Маркс Боннро чун ҷои истиқомат интихоб кард, бо умеди он, ки дар донишгоҳи ин ҷо профессор шавад. Вале сиёсати реаксионии ҳукумат ӯро водор сохт, ки аз вазифаи устодии донишгоҳ даст кашад. Солҳои 18421843 Карл Маркс дар рӯзномаи Rheinische Zeitung шаҳри Кёлнба ҳайси рӯзноманигор ва муҳаррир кор кард. Дар аввал, Маркс барои барҳамдиҳии сензура баромад мекард, вале баъдтар ӯ ба танқиди ошкорои ҳукумат гузашт (бисёр мақолаҳои ӯ аз тарафи сензура манъ карда мешуданд ё таҳрир меёфтанд). Ҳукумат моҳи марти соли 1843 рӯзномаро баст, ҳарчанд ки Маркс муҳаррир набуд. Кор дар матбуот ба Маркс нишон дод, ки ӯ фанни иқтисодиёти сиёсиро хуб намедонад ва ӯ бо тамоми ғайрату кӯшиш ба омӯзиши он машғул шуд. ӯ, инчунин, кори рӯзноманигориро низ давом дод.

Маркс соли 1843 ба ашрофзодадухтар Ҷенни фон Вестфален, ҷияни сарвари ширкати Phillips хонадор мешавад. Оилаи ҷавон ба Париж меояд, ки дар он ҷо Маркс бо Генрих Гейне ва Фридрих Энгелс шинос мешавад. Маркс бо Энгелс то охири умраш ҳамкорӣ мекунад.

Соли 1845 аз Париж бадарға мешавад ва монанди Энгелс ба Брюссель мекӯчад. Дар он ҷо онҳо асари «Идеологияи олмонҷ»-ро таълиф мекунанд, ки фалсафаи Гегел ва навгегелчиёнро танқид мекард. Баҳори соли 1847 Маркс ва Энгелс узви ҷамъияти махфии «Иттиҳоди коммунистон» — ҷамъияти муҳоҷирони олмонҷ, ки бо онҳо Маркс дар Лондон шинос шуда буд, гардиданд. Бо супориши ин ҷамъият, онҳо «Манифести Ҳизби Коммунист»-ро тартиб доданд, ки он 21 феврали соли 1848 чоп шуд.

Вақте ки инқилоби феврали соли 1848 ба амал омад, Марксро аз Белгия бадарға карданд. ӯ ба Париж баргашт ва аз он ҷо боз баъд аз инқилоби моҳи март ба Олмон ба Кёлн рафт.

Зиндагӣ дар Лондон[вироиш | вироиши манбаъ]

Карл Маркс 16 майи соли 1849 аз Олмон ронда шуд. Маркс аввал бо оилааш ба Париж рафт, вале аз он ҷо низ баъд аз намоиши 13 июни соли 1849 бадарға шуда, роҳи Лондонро пеш гирифт ва дар ин ҷо то охири умр иқомат намуд.

Шароити ҳаёти оилаи Маркс дар муҳоҷират хеле вазнин буд. Агар кумаки пулии доимӣ аз тарафи Энгелс ва мақоланависӣ дар рӯзномаҳо намебуд, Маркс натанҳо навиштани китоби «Сармоя»ро тамом намекард, балки аз гуруснагӣ мемурд. Дар ин даврон асарҳои асосии бахшида ба иқтисодиёт навиштаи ӯ таълиф ёфтаанд.

Карл Маркс

Соли 1864 Маркс «Созмони байналмилалии коргарон»-ро таъсис дод, ки (International Workingmen’s Association), баъдтар номи Интернатсионали Якумро гирифт.

Дар ибтидо созмон аз анархистҳо, трэйдюнионистҳои бритониёвӣ, сотсиалистҳои фаронсавӣ ва ҷумҳурихоҳони итолиёӣ иборат буд. Баъдтар ихтилофи назар байни Маркс ва пешвои анархистҳо Михаил Бакунин боиси аз созмон ҷудошавии анархистон гардид. Дар соли 1872, баъд аз шикасти Коммунаи Париж Интернатсионали Якум ба Ню-Йорк кӯчид, вале пас аз чаҳор сол дар соли 1876 он барҳам дода шуд. Кӯшишҳои дубора барқарорсозии созмон дар солҳои минбаъда бенатиҷа анҷом ёфтанд. Вале Интернатсионали Дуюм, ки ба он аксари ҳизбҳои чапгарои Инглистон, Фаронса, Олмон, Испониё ва дигар мамолики аъзои Иттиҳоди Аврупо дохиланд, соли 1889 баъд аз 6 соли вафоти бунёдгузори Интернатсионали Якум таъсис ёфт.

Соли 1867 ҷилди аввали «Сармоя» рӯи чопро дид.

Карл Маркс соли 1883 дар синни 64-солагӣ дар Лондон вафот кардаааст ва дар қабристони «Highgate-Cemetery» дафн шудааст. Ҷилдҳои охирини «Сармоя» аз тарафи Энгелс баъд аз марги Маркс чоп шуданд.

Осори таълифкардаи Маркс[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Қашшоқии фалсафа (1843)
  • Дастнависҳои иқтисодӣ - фалсафӣ (1844)
  • Тезисҳо барои Фейербах (1845)
  • Идеологияи олмонӣ (1846)
  • Маош ва сармоя (1847)
  • Манифести Ҳизби Коммунист (1848)
  • Мақолаҳо барои Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА (1861)
  • Сармоя, ҷилди 1. (1867)
  • Ҷанги шаҳрвандӣ дар Фаронса (1871)
  • Танқиди барномаи Гота (1875)

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Gemkow H. Carlos Marx. Biografía completa — 1975.
  3. 3.0 3.1 Feuer L. S., McLellan D. T. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. A. A. P. Secret Re-burial of Karl Marx In London (ингл.) // The Sydney Morning HeraldSydney: Fairfax Media, 1954. — Iss. 36485 (late edition). — P. 1. — ISSN 0312-6315
  5. 5.0 5.1 Маркс Карл // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  6. https://www.marxists.org/archive/marx/bio/marx/eng-1869.htm
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 Marx, Karl: (geb. Mordechai) Dr. phil., Theoretiker des Sozialismus, "Manifest der Komm. Partei", Redakteur // Band 16: Lewi – MehrМюнхен: K. G. Saur Verlag, 2008. — С. 331. — 25, 427 с. — ISBN 978-3-598-22696-0
  8. 8.0 8.1 8.2 8.3 8.4 Marx, Karl (Heinrich) (ингл.) // Volume 7 — P. 896.
  9. Feuer L. S., McLellan D., Ed. Volume 23 // Volume 23 — С. 532. — 928 с.
  10. Schiel H. Die Umwelt des jungen Karl Marx. Ein unbekanntes Auswanderungsgesuch von Karl Marx, Die Umwelt des jungen Karl Marx. Die Trierer Wohnungen der Familie Marx. Ein unbekanntes Auswanderungsgesuch von Karl Marx (нем.) // Broschüre "Die Umwelt des jungen Karl Marx. Ein unbekanntes Auswanderungsgesuch von Karl Marx"Tr: Jacob Lintz, 1954. — S. 35—36. — 36 с.
  11. Marx: 5) Karl Heinrich // Band 17 Linl–Mats — С. 768. — 832 с. — ISBN 978-3-7653-4117-5
  12. Feuer L. S., McLellan D., Ed. Volume 23 // Volume 23 — С. 531—543. — 928 с.
  13. Marx: 5) Karl Heinrich // Band 17 Linl–Mats — С. 766—769. — 832 с. — ISBN 978-3-7653-4117-5