Кейт Бланшетт

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
{{{Номи аслӣ}}}
Кейт Бланшетт
Cate Blanchett.jpg
Зодрӯз 14 майи соли 1969
Зодгоҳ Мелбурн, Австралия

Кейт Бла́ншетт (инглисӣ: Cate Blanchett; — яке аз машҳуртарин ҳунарпешагони синамои Австралия мебошад. Шӯҳрати зиёдро бо филмҳои «Елизавета» (1998, ҷоизаҳои BAFTA ва «Глобуси тиллоӣ» барои беҳтарин нақши зан), «Авиатор» (2004, ҷоизаҳои «Оскар» ва BAFTA барои зани беҳтарин дар нақши дуюмдараҷа) ва «Властелин колец» (2001, 2002, 2003) ба даст овардааст.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Кейт Бланшетт 14 майи соли 1969 дар Мелбурн, дар яке аз шаҳрҳои калонтарини Австралия, дар оилаи Роберт ва Ҷун Бланшетт ба дунё омадааст. Дар синни 10-солагии Кейт, падараш аз маризи қалб аз олам чашм мепӯшад ва бори гарони тарбияи се фарзанд – Кейт, бародари калонияш Боб ва ва хоҳараш Женевйева ба дӯши модараш меафтад. Кейт дар коллеҷи методистии занонаи Мелбурн таълим мегирад. Дар он ҷо ӯ бори аввал дар саҳна баромад мекунад. Баъд ӯ таҳсилро дар Донишгоҳи Мелбурн давом медиҳад ва дар он ҷо санъату иқтисодиёт меомӯзад. Пас аз сафари кӯтоҳмуддат ба Англия ва Миср ӯ ба Австралия бармегардад ва ба донишкадаи миллии санъати драмавӣ дохил мешавад. Ӯ яке аз бомаҳораттарин донишҷӯёни ин донишкада буд. Баъд аз хатми донишкада Кейт дар чандин намоишномаҳои театрӣ иштирок мекунад. Баъд аз муваффақият дар театр, Кейт дар синамо ва телеҷизион низ баромад мекунад. Солҳои 19931995 ӯ дар чанидин филмҳои телевизиониву силсилафилмҳои дар Австралия машҳур («Полицейские силы», «Родина», «Город у границы»), нақшҳо меофарад, вале театрро тарк намекунад.

Аз соли 1997 диққати Бланшетт ро кино бештар ба худ ҷалб мекунад. Ӯ дар филми мазҳакавии «Слава богу, он встретил Лиззи» иштирок мекунад ва маротибаи аввал дар ҳаёташ соҳиби ҷоизаҳо— ҷоизаи Пажӯҳишгоҳи кинои Австралия ва Ҷамъияти мунаққидони кинои Австралия мегардад. Шӯҳрати ҷаҳониро ба Бланшетт нақши маликаи Англия Елизаветаи I дар филми коргардони ҳинду Шекхар Капур «Елизавета» овард. Филм дар бораи давраи ҷавонии Елизаветаи I, ба сари ҳокимият омадани ӯ ва давраи аввали ҳукмронияш буд. Барои офаридани нақши Елизавета Бланшеттро ба ҷоизаи «Оскар» пешниҳод карданд ва ӯ соҳиби мукофотҳои «Глобуси тиллоӣ» ва BAFTA гардид. Соли 1999 барои Бланшетт соли сермаҳсул буд. Ӯ дар ду намоишномаи театрӣ дар Лондон ва дар чаҳор филм иштирок варзид. Пас аз ду соли баромадани филми «Елизавета», Бланшетт яке аз машҳуртарин ҳунарпешагон Ҳолливуд гардид ва аз сабаби зиёд будани кор, театрро тарк кард. Соли 2001 ӯ бо Брюс Уиллис ва Биллӣ Боб Торнтон дар мазҳакаи Баррӣ Левинсон «Бандиты» нақш офарид. Баъдтар ӯ дар сегонаи Питер Ҷексон «Властелин колец» аз рӯи романи Ҷ. Р. Р. Толкин иштирок кард. Дар ин филм ӯ нақши Галадриэл – маликаи соҳибҷамол ва қудратманди элфҳоро бозид. Соли 2005 Бланшетт Каме сукут мекунад ва танҳо дар як филме дар дар ватанаш нақш меофарад. Барои нақши офаридааш дар ин филм ӯ соҳиби ҷоизаи пажӯҳишгоҳи синамои Австралия мегардад. Моҳи майи соли 2006 дар кинофестивали Канн бо филми нави худ - «Вавилон» баромад кард, ки дар он бо ӯ якҷоя Брэд Питт ва Гаэл Гарсиа Бернал бозӣ мекарданд. Филм аз тарафи мунаққидон баҳои баланд гирифт ва соҳиби ҷоизаи коргардони беҳтарин гардид. Дар айни замон Кейт Бланшетт дар авҷи шӯҳрат аст ва дар филмҳои гуногун иштирок меварзад.

Филмҳо бо иштироки Кейт Бланшетт[вироиш]

2008 Бенджамин Баттон Benjamin Button Дэйзи
2006 Там нет меня I’m Not There Боб Дилан
Золотой век Golden Age Елизавета I
Вавилон Babel Сьюзан
Хороший немец The Good German Лина Брандт
Записки о скандале Notes on a Scandal Шеба Харт
2005 Маленькая рыбка Little Fish Трейси Харт
2004 Водная жизнь со Стивом Зиссу The Life Aquatic with Steve Zissou Джейн Уинслетт-Ричардсон
Авиатор The Aviator Кэтрин Хепберн
2003 Властелин колец: Возвращение короля The Lord of the Rings: The Return of the King Галадриэль
Похищенная The Missing Мэгги Гилкесон
Кофе и сигареты (эпизод «Кузины») Coffee and Cigarettes Кейт / Шелли
Охота на Веронику Veronica Guerin Вероника Герин
2002 Властелин колец: Две крепости The Lord of the Rings: The Two Towers Галадриэль
Рай Heaven Филиппа
2001 Корабельные новости The Shipping News Петал Беар
Шарлотта Грей Charlotte Gray Шарлотта Грей
Властелин колец: Братство кольца The Lord of the Rings: The Fellowship of the Ring Галадриэль
Бандиты Bandits Кейт Уилер
2000 Дар The Gift Аннабель Уилсон
Человек, который плакал The Man Who Cried Лола
1999 Истории потерянных душ Stories of Lost Souls / Bangers Джули-Анна
Талантливый мистер Рипли The Talented Mr. Ripley Мередит Лог
Управляя полетами Pushing Tin Конни Фальцоне
Идеальный муж An Ideal Husband Леди Гертруда Чилтерн
1998 Елизавета Elizabeth Елизавета I
1997 Оскар и Люсинда Oscar and Lucinda Люсинда
Слава богу, он встретил Лиззи Thank God He Met Lizzie Лиззи
Дорога в рай Paradise Road Сьюзан Макарти
1996 Парклэндс Parklands Рози
1994 Полицейские силы Police Rescue Вивиан

Инчунин бингаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]