Киномушоҳида

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Киномушоҳида – навъи санъати кино, ки дар асоси кинои ҳуҷҷатӣ ва илмӣ таҳия мегардад. Киномушоҳида, аслан, барои дақиқ омӯхтани объект имкон медиҳад. Киномушоҳида, одатан, барои дар ҳолати табиӣ мушоҳида кардани объект истифода мешавад. Филмҳои тоҷикии «Бешаи палангон», «Дар рӯзи равшан», «Пиряхи Федченко» ва ғайра бо услуби киномушоҳида таҳия шудаанд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 132. ISBN 978-999-47-43-37-7