Кисоии Марвазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кисоии Марвазӣ
کسایی مروزی
Номи пурра Абулҳасани Кисоии Марвазӣ
Таърихи таваллуд: 17 март 953(0953-03-17)
Зодгоҳ: Марв
Таърихи даргузашт: тақрибан 1000[1]
Маҳалли даргузашт:
  • номаълум
Шаҳрвандӣ: Эрон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ

Абулҳасани Кисоии Марвазӣ (форсӣ: کسایی مروزی‎) — шоир, аз чакомасароёни аҳди Сомониён мебошад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Осори Кисоӣ ва Дақиқӣ ҳалқаи пайванддиҳандаи миёни осори суханварони рӯзгори Сомониён ва шеърҳои мадҳиясароёни гирди Fазнавиён будааст. Менамояд Абулҳасани Кисоии Марвазӣ аз он чакомасароёни Сомониён бошад, ки дар вопасин солҳои ҳастии дудмони онон ба хидмати фармонравоёни Бухоро даромада буданд. Аз зиндагии ӯ огоҳие дар даст нест. Худаш ёдоварӣ мекунад, ки рӯзи чаҳоршанбе ҳангоме, ки се рӯз аз моҳи шаволи соли 341 монда буда зода шудааст, яъне 17 марти соли 953 (дувоздаҳ сол пас марги Рӯдакӣ). Макони таваллуди ӯро Марв медонанд ва худ низ дар ҷое ишора менамояд:

Зебо бувад ар Мавр бинозад ба Кисоӣ,
Чунон, ки Самарқанд бо ситоди Самарқанд.

Ӯ аз шоирони маддоҳ буд вале ҳангоме, ки ба синни пиронсоли мерасад аз ин амали хеш даст мекашад ва изҳори пушаймони мекунад:

Ҷавонӣ рафту пиндори ки хоҳад кард падрудам
Бихоҳам сухтан ҳаме донам к-он ҷо ба беҳудам
Ба мидҳат кардани махлуқ рӯҳи хеш бишхудам
Накуҳишро сазоворам, ки ҷуз махлуқ настудам

Кисоӣ дар охири аҳди Сомониён ва оғози аҳди Ғазнавиён умр ба сар бурдааст ва бинобар ин Авфӣ ӯро ба қатори шоирони аҳди Сабуктегин дохил намудааст.

Мероси адабии шоир[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ашъори Кисоӣ чандон боқӣ намонда ва маҷмуаи ашъораш иборат аст аз он чи дар тазкираҳовулуғатномаҳо маҳфуз мондааст. Абёти парокандаи ӯ маъмулан бозмонда аз қасоидҳоесест, ки ӯ сурудааст. Гумон намеравад Кисоӣ тавониста бошад ҷойи камобеш намоён дар дарбори Сомониён ба даст оварда бошад, зеро пеш аз солҳои 70 садаи даҳуми милодӣ яъне дар солҳое, ки тахти Сомониён рӯ ба фурӯ рехтан буд, ӯ наметавонист пешрафте карда бошад. Бегумон Кисоӣ дар нигоштани зердостонаи «Васф» устоди бузург будааст. Ин яке аз намунаҳои вижаи устодии ӯст.

Нилуфаре кабуд нигаҳ кун миёни об,
Чун теғи обдодаву ёқути обдор.
Ҳамранги осмону ба кирдори осмон,
Зардиш дар миёна чу моҳи даҳу чаҳор.
Чун роҳибе, ки дӯзахи ӯ солу моҳ зард,
В-аз мутрифи кабуд ридо кардаву изор.

Дар ин байтҳо то андозае латофат мебинем, аммо дар ин росто Кисоӣ дар шеъри зер гом фаротар мениҳад:

Гул неъматест ҳадя фиристода аз биҳишт,
Одам каримтар шавад андар наъими гул.
Эй гулфурӯш, гул чӣ фурӯшӣ барои сим,
В-аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул.

Пайдост шоир бахубӣ медонад, ки боғбони тиҳидаст бо фурӯши гул чӣ чизе мехоҳад бихарад. Ў мехоҳад бо пурсиши худ нишон диҳад, ки харидори гул ба шукӯҳи девонавор хӯ гирифта ва ҳатто дар сараш намегунҷад, ки инсон битавонад ба чизе ҳам ниёзманд бошад. Аз он ҷо, ки Кисоӣ дар солҳои хурӯшони сарнагунии Сомониён, тохту този Қарахониён ва фароз рафтани Ғазнавиён мезист, метавон андешид, ки солҳои пирии ӯ набояд чандон ором буда бошад. Аз ин рӯ равшан аст, ки назди ӯ низ ҳамчун Рӯдакӣ мӯяе аст сахт бар ҷавонӣ, ки мебинем:

Ба сесаду чиҳилу як расид навбати сол,
Чаҳоршанбаву се рӯз боқӣ аз шаввол
Биёмадам ба ҷаҳон то чӣ гӯяму чӣ кунам,
Суруд гӯяму шодӣ кунам ба неъмату мол.
Сутурвор бад-ин сон гузоштам ҳама умр,
Ки барда гаштаи фарзандаму асири аёл.
Ба каф чӣ дорам з-ин панҷаи шумурда тамом,
Шуморномаи бо сад ҳазор гунаву мол.
Дареғи фарри ҷавонӣ, дареғи умри латиф,
Дареғи сурати неку, дареғи ҳусну ҷамол.
Куҷо шуд он ҳама хубӣ, куҷо шуд он ҳама ишқ?
Куҷо шуд он ҳама неру, куҷо шуд он ҳама ҳол?
Гузоштему гузаштему буданӣ ҳама буд,
Шудему шуд сухани мо фасонаи атфол.
Аё Кисоӣ панҷоҳ бар ту панҷа гузорад,
Биканд боли туро захми панҷаву чангол.
Ту гар ба молу амал беш аз ин надорӣ майл,
Ҷудо шав аз амалу гӯши вақти хеш бимол.

Аз ашъори мавҷудаи Кисоӣ ба хубӣ метавон дарёфт, ки ӯ аз устодони мусаллами аҳди худ буда ва дар абдои мазомин ва баёни маъонӣ ва тавсифот ва эроду ташбеҳоти латиф табии маҳорату қудрате доштааст. Кисоӣ дар ваъзу ҳикмат ҳам нахустин шоирест, ки тавонист ба марҳилаи муҳими аз пешрафт ноил гардад ва дар ҳақиқат ин навъ аз ашъорро дар охири қарни даҳҳум ба камол расонид ва муқаддимаи зуҳури шоироне аз қабили Носири Хисрави Қубодиёни гардид.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1. Е.Э. Бертелс. Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ. – Душанбе: «Эр-граф», 2015, - 584 саҳ.
  • 2. Забеҳулло Сафо. Таърихи адабиёти Эрон. Ҷилди 1.
  1. Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. AshtianyUSA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804