Китобҳои кӯчак
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Китобҳои кӯчак. Аввалин китобҳои кӯчак замонҳои қадим пайдо шудаанд ва дар ибтидо дастнавис буданд. Ин китобҳо дар варақчаҳо бо навиштаҳои ниҳонӣ, хеле маҳин, ки бе пурбин дида намешуданд, таълиф мешуданд. Ин гуна китобчаҳо ҳатто дар Пергамин (пӯст) офарида мешуданд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҷаҳон интишороти аввалин китобҳои кӯчак охирҳои садаи ХV аз ҷониби ношири венетсианӣ Алдо Мануттси шурӯъ шуда буд. Садаи ХVII ноширони ҳолландӣ, бародарон Элзевирҳо Аҷоиботи олами китоб «Маҷмӯаи номаҳо»-ро дар ҳаҷми 65х45 милиметр интишор карда буданд. Баъдан китобҳои кӯчак дар Фаронса, Итолиё, Швейтсария, дертар дар Англия, Олмон, 200 сол қабл дар Россия пайдо шудаанд. Санъати ба вуҷуд овардани китобҳои кӯчаки ҳозира ҳам рангину шавқоваранд. Ин бевосита ба пайдо шудани матбааҳои пуриқтидор, болоравии сифати коғаз, ҷустуҷӯҳои ноширон, саҳҳофон алоқаманд мебошад. Китобҳои кӯчаки ҳозира соҳаҳои ҷамъияти сиёсӣ, табиатшиносӣ, таърих, ҷуғрофӣ, назмию насрӣ, ҳар гуна луғатҳо, феҳристҳо ва ғайраро дар бар мегиранд. Ба гуфтаи коллексионери номӣ Янки Дюли (сокини Маҷористон) соли 1976 дар 137 чопхонаи ҷаҳон китобҳои кӯчак чоп шуданд.
Достони Ҳомер «Илиада»
[вироиш | вироиши манбаъ]Достони қаҳрамони Ҳомер «Илиада» бо хати беҳад майдаи дар пӯсти ошхӯрдаи тунук ба табъ расида буд, ки онро дар пучоқи як дона чормағз ҷойгир кардан мумкин аст. Ҳол он, ки достони «Илиада» дорои 15686 мисраъ будааст.
Инҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Китобдор № 1(пайванди дастнорас)