Итолиё

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Итолиё
Repubblica Italiana
Flag of Italy.svg Emblem of Italy.svg
LocationItaly.png
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Итолиё|]]»
Рӯзи истиқлолият {{{Рӯзи истиқлолият}}}
Забонҳои расмӣ
Пойтахт Рим
Шаҳри калонтарин
Идораи давлат
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
-ум ҷой дар ҷaҳон
км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
58,751,711
нафар/км²
Пули миллӣ
Интернет-Домен .it (ва .eu)
Коди телефон +
Соат UTC

Итолиё (итолиявӣ. Italia, номи расмӣ — Ҷумҳурии Итолиё (итолиявӣ. Repubblica Italiana)) — яке аз давлатҳои тараққикардаи Аврупо мебошад. Ҳамсарҳади мекунад: бо Фаронса дар шимоли-ғарб (масофа сарҳад — 488 км), бо Швейтсария (740 км) ва бо Утриш (430 км) — дар шимол, бо Словения — дар шимоли-шарқ (232 км). Ин чунин сарҳади дохилӣ бо Ватикан (3,2 км) ва Сан-Марино (39 км).

Таърих[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Таърихи Итолиё

Рими Қадим[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Рими Қадим

Дар аввали ҳазора I п.м. ҷануб ва маркази Итолиё халқҳои итоли сукунат мекарданд ва яке аз онҳо қабилаи лотинӣ буд. Лотинҳо Иттиҳоди лотинҳоро ташкил карданд, ки аз 30 сивитат иборат буда ҳукумати ҳар яки онҳо аз машварати халқи иборат буд (комиссия). Аз рӯи қиссаҳои лотинӣ аз ҳама пурзӯртарин сивитат Лаврент буд ва пас Лавиния ва Алба-Лонга, дар асри VI аз ҳама пурзӯртарин сивитати иттиҳод Рим гашт. Баъди ҷангҳо соли 290 Рим ҳамаи халқҳои итолиро зери таъсири худ гардонид. Як қисми заминҳое ки аҳолии ғайриримӣ дошт ба римиҳо супурда мешуд ва дар онҳо маҳаллаҳои римӣ бунёд мекарданд ва ингуна Итолиё аз халқҳои романӣ сершумор гардид. Дар вақти ҳукмронии шоҳаншоҳ Диоклетиан дар Итолиё тақсимоти маъмурӣ баргузор гашт ва онро ба вилоятҳо (провинсия) тақсим карданд. Баъди шикаст хӯрдани шоҳаншоҳии Рим дар соли 476 шоҳи Итолиё сарлашкар Одоакр эълон шуд, (аз қабилаи руг), аммо дар соли 493 сарватҳои ӯро остготҳо запт карда худи Одоакрро куштанд.

Сиёсат у ҳукумат[вироиш]

Тақсимоти маъмурӣ[вироиш]

Тақсимоти маъмурии Итолиё

Мавқеи иқтисодӣ ва ҷуғрофӣ[вироиш]

Масоҳаташ-301.0 ҳазор км. Аҳолияш-58.3 млн нафар. Пойтахташ-Рим. Забони давлати-итолиёвӣ. Воҳиди пулӣ - лири итолиёвӣ. Итолиё дар қисми Ҷанубии Аврупо ҷойгир буда, онро мувофиқи шароити табиию таърихӣ, инкишофи хочагӣ ба се қисм ҷудо кардаанд: қисми материкӣ, қисми нимҷазиравӣ ва қисми ҷазиравӣ.Сарҳади обияш аз сарҳади хушкиаш чор маротиба зиёд аст.Ноҳияҳои дохили хушки аз баҳр 200-300 километр дур вокеь гардидаанд. Баҳри Миёназамин Итолиёро бо Шарқи Наздик, шимоли Африқо ва мамлкатаҳои ҷануби Аврупо пайваст менамояд. Ин ба тарақиёти хочагии Итолиё мусоидат менамояд.Роҳҳои ҳавоии трансконтиненталӣ аз фазои Итолиё мегузаранд.

Аҳолӣ[вироиш]

Аз рӯи шумораи аҳолии Итолиё дар Аврупои Ғарбӣ баъди Олмон дар ҷои дуюм меистад. Барои мамлакат эмигратсияи доимӣ хос аст. Сабабҳои асосии ин ҳолат шароити вазнини зиндагии деҳқонон, бекорӣ ва дараҷаи пасти музди кории коргарон мебошад. Дар Итолиё нисбат ба Аврупои Ғарбӣ дида пасттарин дараҷаи эмигратсия ба мамлкаатҳои Иттиҳоди Аврупоӣ зиёд гардид. Дар ҷойгиршавии аҳоли урбанизатсия таъсири калон расонида аст. Қисми зиёди аҳолии шаҳр дар шимоли мамлакат сокин шудааст. Аксари шаҳрҳои Итолиё дорои таърихи қадима мебошанд. Онҳо ҳамчун осорхонаҳои таърихии аз ёдгориҳои бой мебошанд. Дар байни онҳо шаҳрҳои Рим, Флорентсия, Венетсия, Милан, Генуя, Болония бо ёдгориҳо ва санъати тасвирии худ фарқ мекунанд.

Ҳайати миллии аҳолии Итолиё якхела, 98 фоизи онро итолиёнҳо ташкил менамоянд. Дини онхо насронии католикӣ мебошад.Он ба ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок мекунад ва ба доираи васеъи аҳоли таъсири зиёдае мерасонад. Дар қисми ғарбии Рим давлати Ватикан (монархияи теократӣ) ҷойгир аст. Сардори давлат папаи Рим буда, вай дини католикиро сарварӣ менамояд. Ҳайати синфии аҳолии Итолиё аз пролетариати шаҳру деҳот, деҳқонони қамбағал, косибон ва ҳунармандон иборат аст. Буржуазия синфи ҳукмрон мебошад. Сохти давлатии Итолиё ҷумҳурии порлумонӣ буда, президент сарвари мамлакат мебошад.

Саноат[вироиш]

Итолиё бо захираҳои ҳама намуд канданиҳои фоиданок хуб таьмин аст.Дар каламрави он захираи гази табии, боксит,полиметалҳо,симоб,сулфур,мармар муаян карда шудаанд.Дар байни мамлкатҳои Аврупо Итолиё аз рӯи захираҳои обӣ ва геотермали фарк мекунад.Саноати ҳозираи Итолиё ба воридти ашёи хом вобастаги дорад. энергетикаи мамлакат ба нефт, кокс, ангишти воридоти ва гази табиию захирахои обии ватани такя мекунад.Аз рӯи иктидори заводҳои нефткоркуни Итолиё аз мамлакатхои Аврупои Гарби пеш аст.Катьи назар аз он, ки дар истеҳсоли энергияи барки чои аввалро ТЭС-хо гирифтаанд,вале аҳамияти ГЭС-ҳои дар дарёҳои куҳи сохташуда дар хочагии халки мамлакат калон аст.Дар Маркази Итолиё неругоҳҳои баркии геотермали кор мекунанд.Вобаста ба тараққии истеҳсолоти энергияталаб истеҳсоли энергияи барки мунтазам зиёд шуда истодааст.

Мошинсози[вироиш]

Дар иктисодиёти мамлакат мошинсози аҳамияти калон дорад.дар он мошинсозии налкиёти хеле тараққи карда аст.Итолиё ба миқдори зиёд мотороллер, велосипед ва киштию автомобил истехсол мекунад.Аз 3/4 хисаи мошинсози дар шимоли Итолиё чойгир карда шудааст.

Тараққиёти мошинсози сабаби афзоиши истехсоли металхои сиёҳ ва ранга гардид.Металургияи сиёҳ дар заминаи ашёи хоми воридоти (Оҳанпора, чуян,кокс, маьдани охану металхои дигар) инкишоф меёбад.Корхонахои калони металургияи сиёҳ дар Торонто,Генуя,Неапол, чойгир шудаанд.Дар Милан ва Турин заводхои металургии азнавкоркуни амал мекунад.Дар назди ГЭС-хои кухи сохаи электрометалургия (гудозиши пулод ва алюмини) инкишоф ёфтааст.
Саноати химия ба ашёи хоми воридоти (хоричи) (нефт ва фосфоритхо) ва махалли (гази табии, сулфур ва гайрахо) такя мекунад.Асоси онро мачмуи нефту химия ташкил менамояд.Дра он хиссаи пластмасс ва нахи синтетики калон аст. Кисми зиёди заводхои химияви дар шимоли Итолиё чойгир шудаанд, корхонахои мачмуи нефту химия бошад,дар бандархои чанубии мамлакат амал мекунад.
Саноати бофандаги асосан аз наххои пахта ва синтетики истифода мебарад.Корхонахои бофандаги дар шахри Милан ва гирду атрофи он чойгир шудаанд.Бухронхои иктисодии солхои 70 ва 80 асри ХХ ба сохахои киштисозию мошинсози ва бофандаги таьсири зиёд расонидаанд.Дар айни замон сохахои мухими саноатро автомобилсози (дар чахон чои 5-ум) химия, металурги, пулофгудози, саноати сабук ва хуроквори ташкил мекунад.

Нақлиёт[вироиш]

Вазифаи асосии бору мусофиркашонии дохилиро нақлиёти автомобили ичро менамояд.нақлиёти роҳи охан дар чои дуюм меистад.Аз нигохи электриконии роҳи охан Итолиё дар чахон яке аз чойхои аввалро ишгол менамояд. Шимоли мамлакат шабакаи зичи нақлиёти дорад.Дар алокахои берунаи Итолиё нақлиёти бахри мавқеъи асосиро ишгол менамояд.

Мардум[вироиш]

Фарҳанг ва маданият[вироиш]

Инҷоро ҳам бингарӣд[вироиш]

Пийвандҳо[вироиш]

Иттиҳоди Аврупо
Flag of the European Union

Австрия • Белгия • Булғористон • Дания • Ирландия • Испониё • Итолиё • Кипр • Латвия • Литва • Люксембург • Малта • Маҷористон • Нидерланд • Олмон • Подшоҳии Муттаҳида • Полша • Португалия • Руминия • Словакия • Словения • Фаронса • Финланд • Чехия • Шветсия • Эстония • Юнон

Шаблон:Итолиё-ҷуғ-нопурра