Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара
 (КТДДТХ)
Номҳои пештара Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара, Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара
Соли асосгузорӣ 1990

Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонмуассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Данғара ҷойгир шудааст.

Таърихи муассиса[вироиш | вироиши манбаъ]

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар асоси мактуби Вазорати тандурустии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аз 29.05.1990 №20-6 (121-18) 2, мактуби Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон №6\31 аз 12.02.1990 ва фармони Вазорати нигоҳдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон аз 24.04. 1990 №344 дар заминаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бо номи Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара таъсис дода шуд. Таълимгоҳ ҳамчун Омӯзишгоҳ ба муддати 24-сол фаъолият намудааст. Соли 2014 зимни ба амал омадани тағйирот дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014 №148 Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара ба Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара номгузорӣ карда шудааст. Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарору Қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз 2 майи соли 2019 муассиса бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ба ихтиёри муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” гузаронидани Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара” номгузорӣ гардид.

Барои пешбурди фаъолияти Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии зерин дар он тасдиқ шудааст: - “Шаҳодатнома” – дар бораи ба қайдгирии давлатӣ № 2210001521 аз 30.09.2019 - “Шаҳодатнома” дар бораи гузаштани рақами мушаххаси андозсупоранда, № 22000791 аз 30.09.2019 - “Рухсатнома” дар бораи таҳияи муҳри асосӣ ва муҳрҳои сохтории Коллеҷ аз 04.07.2019, №155 - “Оиномаи КТДДТХ дар ноҳияи Данғара” бо қарори Шурои олимони ДДТХ аз 28.08.2019 №01/01

Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар тобеъияти [Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон], [ Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон] ва зертобеъи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон] фаъолият мекунад Раванди таълим дар муассиса тариқи низоми кредити амал мекунад. Қабули донишҷӯён ба тариқи тестӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад

Ихтисосҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Коллеҷ мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад: Дар муассиса донишҷӯён аз руи як ихтиссос "Кори ҳамширагӣ" дар таҳсилоти рузона (баъди хатми синфи 11 3сол ва баъди хатми синфи 9 — 4 сол) ва шабона (баъди хатми синфи 11 — 3 солу 6 моҳ) таълим мегиранд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]