Липестк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Липетск — шаҳр дар Руссия, маркази маъмурии вилояти Липеск. Масоҳаташ 330,15 км2. Аҳолияш 496447 нафар (2022). Дар қисми шарқии вилоят, дар соҳили д. Воронеж ва маҳалли рехтани  дарёи Липовка ба он воқеъ аст. Истгоҳи роҳи оҳан, роҳи автомобилгард ва фурудгоҳ дорад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Липетск соли 1703 ҳамчун шаҳрак дар назди корхонаи оҳани Липски Боло бунёд шуд. Дар чаҳоряки асри 18 дар корхонаҳои оҳангудозии Липетск 1,2 ҳазор тонна чугун истеҳсол мешуд.

Илм ва маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

Липетск яке аз марказҳои бузурги маориф, илм ва фарҳанги вилоят мебошад. Бузургтарин муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангии шаҳр инҳоянд:  Липетск Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ (1949), Донишгоҳи давлатии техникии (1956), Донишкадаи шаҳрии ҳуқуқ ва иқтисод (2001),  Донишкадаи фарҳанг ва санъат (2001), 3 мактаби олии ғайридавлатӣ, филиалҳо ва намояндагии мактабҳои олии шаҳрҳои Белгород, Воронеж, Маскав, Тамбов ва ғайра дорад. Китобхонаҳо: илмию унверсалӣ, бачагона (1959), китобхонаи махсус барои нобиноён (1958). Осорхонаҳо: кишваршиносӣ (1909), осорхонаи бадеии ба номи В.С. Сорокина (1992), Осорхонаи ба номи Г.В. Плеханов (1928), театри драмавии ба номи Липетск Н. Толстой (1921), театри лухтак (1965), театри мунисипалии драмави (2000), филармонияи давлатӣ (1959) ва ғ.

Саноат[вироиш | вироиши манбаъ]

Соҳаҳои асосии саноатии Л; филиззоти сиёҳ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати хӯрокворӣ, кимиё, мебел, дӯзандагӣ. Ҳамчунин, комбинати шир, комбинати нон ва ширкатҳои шаробпазӣ, оби ҷав, оби менерали мавҷуданд. Дар Липетск яке аз осоишгоҳҳои қадими Руссия мавҷуд аст.

Маъмурияти вилояти Липецк

Қайдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашмаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Воротникова Р. В. Из истории Липецкого края — Воронеж: Центрально-Чернозёмное издательство, 1965.
  • Христорождественский кафедральный собор города Липецка. Изд-во Липецкой и Елецкой епархии.
  • Шаблон:Книга:Страницы истории
  • Шаблон:Книга:Храмы Липецка
  • Е. Маханько. Липецк. Взгляд сквозь время: прогулки по городу и области. — Воронеж: Новый взгляд, 2012.
  • Рудаков Л. Е. По следам легенд — Воронеж: Центрально-чернозёмное книжное издательство, 1980.
  • Черменский П. Н. Прошлое Тамбовского края. — Тамбов, 1961.
  • Созидатели / гл. ред. В. Х. Соломин. — Липецк: Липец. изд-во, 2001. — 703 с. — Т.1.
  • Созидатели / гл. ред. В. Х. Соломин. — Липецк: Ориус, 2004. — 975 с. — Т.2.
  • Созидатели / гл. ред. В. Х. Соломин. — Липецк: Неоновый город, 2009. — 565 с. — Т.3.
  • Медведев В. А. Знаете ли вы свой край? Краеведческая викторина по Липецкой области. — Воронеж, Центр.- Чернозёмное кн. изд-во, 1982.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайванд[вироиш | вироиши манбаъ]