Лӯхтаксозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Лӯхтаксозӣ - ҳунари бадеии сохтани лӯхтак аз латтаҳои гуногун, пахта, пашм, чӯб ва ғайра мебошад. Ин лӯхтакҳоро барои бозии кӯдакон месозанд. Инчунин, аз маводи номбурда лӯхтакҳое сохта мешаванд, ки дар саҳнаи Театри лӯхтак истифода бурда мешаванд. Барои бозии кӯдакон лӯхтакҳо бояд гуногун бошанд, чунки онҳо дар ҳини бозӣ ба лӯхтакҳо вазифаву нақшҳои мухталифро медиҳанд. Махсусан, духтарчаҳо ба лӯхтакбозӣ ҳаваси беандоза доранд. Онҳоро ба таври ҳақиқӣ дӯст дошта, нигоҳубин менамоянд. Лӯхтакбозӣ дар кӯдак ҳиссиёти модариро бедор менамояд. Яъне кӯдак нисбати зоча ғамхории модарона зоҳир намуда, рафтор ва муносибатеро, ки модараш нисбати ӯ менамояд, духтарча нисбати зочаааш такрор менамояд. Маводи истифодашаванда: чӯб, тугма, латтапора, пахта ва ресмонҳои рангин. Лӯхтакҳоро ду намуд месозанд: мулоим ва риштапеч. Ҳар яки он тарзи муайяни тайёр кардани худро дорад.[1]

Фаронса, 1836
Русия, 1841
Русия, 1871

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]