Майонез

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Майонез дар банка

МАЙОНЕЗ- аз калимаи фаронсавии (mayonnais). Аз равғани растании софкардашудаи моеъ, зарони тухм, шири хушк ва дигар иловахое, кн ба майонез таъму буи махсус мебахшанд хардал, сирко, намак, шакар, адвиёт тайёр карда мешавад. Майонезро хамчун соус барои яхниҳои гуногун (сабзавот, моҳӣ, гӯшт) истифода мебаранд. Дар шароити хона майонезро барои пухтани таомҳои гарми якум. Бифштекс ва ғайра истифода мебаранд. Майонез иштаиоовар буда, таъми таомро беҳтар менамояд ва барон хубтар ҳазм шудани он ёрӣ мерасонад. Саноат навъхои зиёди майонез истехсол мекунад. Мухимтарини онҳо — майонезҳои хурокӣ ва тунд. Майонезҳои хурокӣ — «Провансал» ва «Молочный». Дар таркиби онҳо 67% равған ва 25% об ҳаст. Ин майонезҳо таъми гуворои андаке тунд ва турш, бӯй ва мазаи хардалу сиркоро доранд. Майонези «Любительский» аз 47% равған ва 45—45,5% об иборат аст. Ба баъзе майонезҳои адвиётдор (барои бӯю таъми махсус пайдо карданашон) хар хел иловахо, аз чумла ба майонези «Весна» равгани шибиту эфир, ба майонези "С перцем" мурч-и куфта ва чавхари мурч ба «Ароматный» чавхари чаъфарй, шиоит ва карафс, ба «Кавказский» мурчу каламфур ва г. меандозанд, Ба майонезхои тунд «Огонёк» (ки пастаи помидор, каламфури сурх, тунд ва ширин дорад), «Южный» (ки ба он соуси «Южный» хамрох мекупанд), инчунин майонези «Праздничный» мансубанд, ки таъми тезу тунд ва буи хуш дошта, ба он мурч каламфур, сир, кашннч, чормагз ва г. меандозаид. Майонез бо об ва баъзе махсулоти шири зуд омехта мешавад. Барои камравган шудани майонез хангоми омехтакунй ба он оби ЧУШ. шир ё каймок, андохтан мумкин аст. Агар ба майонез сирко хамрох карда шавад (ба 200 г 1—2 кошук), он торафт турштар мешавад. Барои майонезе, ки ба яхнихои мохй ва гушт хамрох карда мешавад, му-вофици табъ 1—2 кошук кахзаки суда андохтан мумкин аст. Майонез дар банкахои шишагини 200—500-грамма, ки бо сарпушхои тунукагии хавопогузар махкам карда шудаапд, дар халтачахои махсуси шаффофи полимерии 100-грамма, лулачахои алюминии аз 50 то 250-грамма бароварда мешавад. Майопезхои «Столовый», «Провансаль»-ро дар харорати аз 3 то 7"С ба муддати 30 руз, дар харорати 7—14°С то 20 руз ва дар харорати 14—18"С то 10 руз нигох доштан мумкин аст. Мухлати нигохдории майонезхои «Молочный» ва «Любительский» ва дигар майонезхое, ки дар таркибашон тундй доранд, ду баробар кутохтар лет. Майопези сарпуши банкааш мустахкам дергох вайрон намешавад. Нишонаи аввалини вайроншавии хама и навъхои майонез хамин аст, ни дар кисми болоии банка кабати тираи равган хосил мешавад.